ҲНИ- САРЧАШМАИ ЭКСТРИМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ.

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатхои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Мутаассифона, дар кишвари мо ҳастанд ашхосе ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари собиқ ҲНИ ва аксарияти аъзоёни наҳзатиҳо, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта, дар либоси дӯстбаҳри ноамниятии мардуми тоҷик бо хоҷагони хориҷиашон нақшаҳо мекашиданд. Бо баробари аёну тасдиқ шудани амалҳои хиёнаткориашон фирорӣ шуда, имрӯз дар Аврупо қарор доранд ва барои беқадр намудани обру ва эътибори кишвари мо дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ҳар кори номатлуб ва ношоиста даст зада, тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Бешак бояд гуфт, ки ҲНИ- мунофиқон ва тафриқаандози миллатанд ва амалҳои экстримизм ва терроризмро дар кишаври ба миён овардаанд. Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам ва “Хиёнат”, мисол меоварем, ки бо далелҳои раднашаванда амалҳои номатлуби наҳзатиён аёну тасдиқи худро ёфтааст. Инчунин имрӯзҳо мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ натиҷаи амалҳои хиёнаткорони ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротиро дида истодаем, ки  дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурия  шаҳрвандон бевосита иштирок намуда, оқибат ҳалок шудаанд.Оқибат имрӯз дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд. Бо баробари ин аз охири соли гузашта писарони аз 12-сола болоро аз модаронашон  ҷудо  намуда, ба тамрини ҳарбӣ ҷалб кардаанд. Ин ҳола аз он шаҳодат медиҳанд, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Бо баробари ин дар интиҳои мақолаи хеш иброз медорем, ки мо омӯзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон бурда,  дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намуда, ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 30-солагии он ҷашн гирифта мешавад, дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард.

 

Абдуллоева М.Р., ассистенти

кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *