Дар асри XXI инсоният ба хатари ҷидди рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он ҲНИ байналмилалӣ мебошад. ҲНИ яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯровари расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёти ҷамъият мебошад. Ифротгарои дар кадом шакл набошад ҳам мо онро қабул надорем чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Муттаасифона имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором намудани ваъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахс мебошад. Албатта ҳар яки мову шумо медонем, ки дини мубини ислом дини муборак аст. Ҳар яки мо хурофотпарастиро бояд дур созем, баъзе аз фирқаҳо баъзе аз андешаҳое, ки барои носолимии миллат, барои носолимии ҷомеа мафкураҳои хешро пахш менамоянд. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои олии худ устуворона қадам мениҳанд. Муттаасифона бархе аз нохалафон, хоинони давлат, ки дар кишварҳои Аврупо қарор доранд, мехоҳанд бо ҳар восита сулҳу суботи истиқлолияи тинҷу оромро халалдор намоянд. Мо ҳамчун ҷавонони фаъоли кишвар ваъда медиҳем, ки ингуна хоинони миллат, ки имрӯзҳо аз ҳар гӯшаи канори мамлакати Аврупо, ки бо ёрии хоҷагонашон ба сари мамлакати мо санги маломат мезананд, ҳеҷ гоҳ бовар нанамоем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем то онҳо дубора он бесарусомониҳое, ки солхои 90- уми асри гузашта, ки дар кишвари мо буд, такрор намоянд. Мо бояд пеш аз ҳама рисолати таърихие, ки Тоҷикистон аз фарҳанги баланду забони давлати хеш ба онҳо матраҳ карда бошем. Ҳар як фарди ҷомеа, дар оила падару модар кӯшиш ба харҷ диҳанд то фарзандони худро хуб тарбия намоянд. Бояд ҳар як омӯзгор, ҳар як нафари зиёи насли навраси имрӯзаро ба тарбияи хуб эҳдо намоянд. Чунки насли ҷавони имрӯза дар мафкураашон ҳисси ватандӯстӣ, ҳисси хештианшиносӣ, худогоҳӣ зиёд дошта бошад. Ба муқобили он бояд мубориза бурд ва бо якдигар кӯмак расонд. Аз ин рӯ мо ҷавонон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави намуда ҲНИ-ро шадидан маҳкум месозем.
Мудири маркази таълими
забонҳои хориҷӣ
Майнусова З.М.