ҲНИ – ПАРВАРДАИ БЕРАҲМИ ДОМОНИ НАҲЗАТ

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноятиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин, хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳали ҷойгиршавии пойгоҳи низомии 201- и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд, ки онро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳон аз кишварҳои ИА ва ИМА ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ – ро гаравгон гирифта, куштанд. ТЭТ ҲНИ, ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 – ум буд,   ба халқи тоҷик ғаму дарди зиёд овард. Дар ин ҷанги бародаркуши панҷсола зиёда  аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар монд. Қисми зиёди одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд. Дар баробари ин талафот, ба иқтисодиёти кишвар 7-10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 30 дарсади аъзои ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳизби мазкур пайваста дар фикри забт кардани қудрат буд ва барои ин аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, аз манфиатҳои худ ҳимоя мекард. Ҳамзамон, аъзои фаъоли он дар Душанбе, Рашт, Хоруғ ва Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом медоданд. Моҳи марти соли 2015 дар  ҷаласаи пинҳонӣ дар Душанбе бо иштироки раиси ҲНИ  М.Кабирӣ, узви Шӯрои олии сиёсии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Назарзода ва баъзе фармондеҳони саҳроӣ оид ба омодагии мусаллаҳ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мувофиқа ба даст омад. Бояд зикр намуд, ки  хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноятӣ  маблағи зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату роҳбарии бевоситаи раиси  ҲНИ  М. Кабирӣ зиёда аз 20 гурӯҳи мусаллаҳ ташкил гардида,  ба  А. Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд. Ба хотири  ҳарчи зудтар омода  намудани  исёни мусаллаҳона ва  забт кардани қудрат ҲНИ аз чизе рӯй намегардонд. Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноятии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронда шуд, ки дар ҷараёни он зиёда аз 520 яроқи оташфишон ва 11000 лавозимоти ҷангӣ кашф ва мусодира гардид. 38 террорист бо роҳбарии А. Назарзода нобуд карда  шуда, 161 узви ҲНИ  ва шарикони онҳо дастгир гардиданд. Миёни фаъолони ҳабсшудаи ҲНИ  чанд нафар резидентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ низ буданд.
29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ – экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 боз ҳам ҲНИ кӯшишҳои барабасе дорад. Барои амалӣ  кардани ин кӯшишҳо беш аз 40 нафар узви ин ҳизби мамнӯъ дар  Афғонистон таълими махсуси ҷангӣ меомӯзад. Ҳамзамон, қаноти низомии ҲНИ – «Ҷамоати Ансоруллоҳ» низ он ҷо ҷойгузин аст. Аъзои ҳизби мазкур ният доранд, ки зери парчами ташкилотҳои дигари  байналмилалии террористӣ, аз ҷумла «ДИИШ», тариқи Афғонистон ба хоки  Тоҷикистон ворид шаванд. Айни замон, ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш дар се самт амал доранд: пеш аз ҳама, заминаи моддию молиявиашонро ба таври назаррас таҳким медиҳанд, дар васоити ахбори худ ташвиқоти ғаразноки зиддиконститутсионӣ интишор мекунанд ва ба   террористону  тахрибкорон таълими ҷангӣ  меомӯзанд.
Як қатор мавод дар васоити ахбори омма ба нашр расида, якчанд ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо иштирокчиёни бевосита ва шоҳидони ҷиноятҳои ҲНИ суҳбат мекунанд. Онҳо амалҳои зиддиқонунӣ ва гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд. («Решаҳои ноаён», «Ҳамлаи террористӣ – 1996», «Садоқати разолатпӯш» (Фитнаи тахайюлӣ), «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ – узви фаъоли ҲНИ», «Бозгашт аз дӯзах» ва ғайра) тасдиқи ин гуфтаҳоянд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи қатъии  ҲНИ ҳамчун як созмони террористӣ – экстремистӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метезонад. Ҳамзамон, ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва, умуман, ҷаҳон хоҳад буд. Муҳимтар аз ҳама, ин ба эҷоди як шабакаи васеи зиддитеррористӣ мусоидат мекунад. Дар он меъёрҳои дугон, аз қабили тақсимоти террористон ба «бад» ва «хуб», вуҷуд нахоҳанд дошт. Ин  қадами ҷиддиест, барои таҳкими сулҳ, ки дар пойдории субот, амнияти ҷудонопазир ва эҳтироми тарафайн асос меёбад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *