Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад…

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расиданд, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандўстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва дар замине, ки минтақаи баҳсӣ ҳисобида мешавад, ҳама созишномаҳоро нақз намуда, ба сохтмон шуруъ менамоянд. Ба ғайр аз ин ба сўи мардуми беяроқ оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рўи адолат аст?!

Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани сарбозони қирғиз касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад. Мо хуб медонем, ки баъди сафари Пешвои миллат ба Исфара ва мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон чандин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва бояд онҳо пурра риоя карда шаванд.

То аниқ гаштани хатти марз сохтмони ҳамагуна иншоотҳо дар минтақаҳои баҳснок қатъиян манъ аст, пас чаро тарафи Қирғизистон ин талаботро риоя накарда худсарона ба сохтмони ҳар гуна иншоотҳо даст мезанад?! Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад.

Фаромўш набояд кард, ки ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвакта дида бештар ба рафоқату ҳамдилӣ ниёз дорад. Дўстӣ бо мардум олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад. Аз ин хотир шинонидани дарахти дўстӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ хуб аст. Бадхоҳону бадандешон ҳеҷгоҳ ба ҳадаф нахоҳанд расид. Ҳақ ба ҷониби соҳиби сухан аст, ки фармуда:

 

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад то ба худаш сад нарсад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

 

Н. Раҷабов,

М. Шогунбеков,

Ф. Турсунов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *