Имрӯз ТТЭ ҲНИ нисбати Тоҷикистон ва давлату миллат бештар бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекорад. Мо амалҳои бадхоҳонаи онҳоро маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди икшвар даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Вақтҳои охир интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд. Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти ТТЭ ҲНИ ба назар мерасад. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале дар асл муносибати дурушт бо ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид. Мо фаъолияти бадхоҳони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. . Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.
ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА
корманди шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ