Нест бод ҳизби нохалаф – ТТЭ ҲНИ!

Ба хотири  решакан  намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумхурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Аммо бо ин ҳама ҷинояткорони нохалаф фаъолияти худро дар ниқоби дигар идома медоданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Маркази таҳдид мекард.

Дар ин росто қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи солҳои 1991 то 1997 дар Вазорати адлияи ҶТ ва ҷузъу томҳои минтақавии он 8 ҳизби сиёси (ХКТ, ХНИ, ХДТ, Ҳизби сиёси ва барқароркунии иқтисоди, Ҳизби халки, Ҳизби ягонаи халки, Ҳизби ба шаҳрвандон содиқ, (гражданско-патриотическая партия) ҲСТ ва ҳизби адолатхох), 7 ҳаракатҳои сиёси-ҷамъияти ба монанди «Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шурои тачаддуди халқи (Совет национального возраждения), Таҷаддуди халқи ва ягона, инчунин 430 ҷамъиятҳои гуногун ба қайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниҳодоти Прокуратураи Генералии ҶТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномаҳои ҳизби, ба қонунвайронкуниҳо роҳ додани бархе аз роҳбарон ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо бо Қарори Суди Олии ҶТ фаъолияти ҲНИ, ҳаракати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органҳои марбута соли 1995 фаъолияти онҳо боз аз нав барқарор карда шуд.

Умуман ҲНИ- дар Осиёи Маркази ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии чомеъа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукри аз соҳибистиқлоли ва тинҷию ороми дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.

Агар нисбати М.Кабири гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Чунин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки М.Кабири ва ҳаммаслакони ӯ, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии ҶИЭ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандози намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, ҳушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии аъзоёни ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.

Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣ  пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви  ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва  ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Зеро ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани ВАТАН аз имон аст!

Имрӯз ҳам ин дастаи нохалаф ва нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намуданд, ҳатто дар хориҷи кишвар низ ором надоранд. Бо ҳар роҳу восита фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистонро ба таъбири мардумӣ “чашми дидан надоранд”.

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем,  ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси ҳар яки мост.

                                                                                              Раҳимов С .Қ.,

                                                                                        ассистенти кафедраи

                                                  молшиносӣ ва фаъолияти гумрукї ДИС ДДТТ   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *