Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни муроҷиатҳои худ ба мардуми кишвар бо ифодаи таъкидӣ баён доштанд: «Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш насозем». Ҷойи дигар зимни муроҷиаташон ба мардум дар ин гуфтаҳо изҳор доштан, ки ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифти сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ва ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ташкилотҳои террористӣ ва экстримистии ҷаҳони имрўза бо ҳар баҳона мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худро дар баъзе кишварҳои исломӣ амали созанд. Тавассути интернет ва сомонаҳои таъсис додаи худ адабиётҳои моҳиятан мазмуни иғвоангези доштаро нашр намуда, дар кишварҳои гуногун паҳн менамоянд.
Дар баромадҳои раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ – экстримистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда зикр намуда, аст ки тамоми руҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби назҳати исломиро қабул надоштаанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида будаанд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавасути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шудаанд ва дар муддати кўтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрўхтанд.
Ҷанге, ки панҷ сол давом кард, боиси кушташудани даҳҳо ҳазор сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ба хотири расидан ба сулҳ роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти осоиштаи ҳизби наҳзат розигӣ доданд. Аммо наҳзатчиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашидаанд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ – эстремистии наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи ҳизби мазкур кўшиши табаддулоти ҳарби сурат гирифт. Дар натиҷа ҷавонони бо нангу номус ва мусулмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштаанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шудаанд. Ҷумҳуриҳои бародари низ чунин табаддулоти давлатиро аз сар гузаронидаанд. Моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби намояндагони гурўҳҳои террорист дар шаҳри Тирози вилояти Ҷамбули Қазоқистон, амалиёти террористӣ ба вуқўъ пайваст, ки дар натиҷа, боиси фавти одамони бегуноҳ гардид. Рўзи 19 июли 2012 дар Тотористон роҳбари Донишкадаи исломӣ Валиуллоҳ Якубов дар назди хонааш ба қатл расонида шуд. Инчунин, 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия табаддулоти давлатиро аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шудаанд ва ғайраҳо. Аз ин бар меояд, ки ҳамаи ташкилотҳои террористӣ аз усули умумӣ – зўроварӣ ва истифодаи силоҳу террор истифода мебаранд ва фарқи зиёд байни онҳо дида намешавад. Бинобар ин зарурати муборизаи муштарак ба муқобили онҳо пеш омадааст.
Дар шароити кунунӣ, ки мақсади мо сидқан дўст доштани Ватан, гироми доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкими густариши давлати миллӣ, меҳнати созандаву бунёдкорона бар нафъи ҷомеа бад -ин васила расидан ба зиндагии хубу шоиста арзёби мегардад, нафароне чанд худро «қаҳрамон» муаррифӣ намуда, мехоҳанд бо таъсису ташкили ҳаракату созмонҳои дурўғин ҳадафҳои ғаразноки хешро рўи кор барорад.
Вале бехабар аз он ки тоҷикон таърихи бойи давлатдорӣ доранд ва шароити мураккаби зисту зиндагонӣ, рўйдодҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, динию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим, бархўрдҳои тамаддунҳо бо тамаддунҳои дигар дарозои таърих моро адолатгустару соҳибтадбир ва андешаманд гардонидааст.
Таъсис ва ташкили созмони ба ном «Паймони миллӣ», ки дар Варшава, пойтахти Лаҳистон рўи кор омад, моро хушдор месозад, то аз ҳифозатӣ Ватан, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, ШарофиддинГадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов мардуми мо алалхусус, ҷавононро ба доми фиреби хеш кашанд, ҳар лаҳза эшонро ба хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба Ватани худ, ин ҷо хуни нофи онҳо рехтааст, садоқат ба Меҳани азиз даъват намоем.
Имрўз, ки арзиши асосӣ ва муҳимтарин меъёри давлатдорӣ адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва маҳз ин вижагӣ маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёби мегардад, бояд дар атрофи сарвари ин давлати ҳуқуқбунёд ҷамъ оем, бо ҳам кишварро ободу хуррам гардонем ва аз ҳаёти босаодати хеш шукргузор бошем, зеро мазмуну моҳияти кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва пешвои халқ адлу инсоф ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст.
Меҳрубонию ғамхории Сарвари давлат ба аҳли ҷомеа беҳадду канор аст. Ин ҳарфҳои мо дар мавриди маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷик зуҳуроти адолат аст, то онҳо дар зиндагии хеш роҳи дурустро дарёбанд.
Дар роҳи адолату садоқат, накўкорӣ ва башардўстӣ пайваста ташаббус нишон диҳанд, зеро зода ва парвардагони сарзамини Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳадафи мо, омўзгорон он аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша ва ташкилоти терористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нагарданд. Моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии шогирдонро баланд бардорем ва дар қалби онҳо маҳкум кардани созмонҳои террорисӣ, ба монанди наҳзатро ҷой намоем.
Агар се унсури тарбияи фарзандони мо комилу солим ва солеҳ бошанд, ҳатман онҳо аз ҳар роҳи ғалату иштибоҳ дар амон хоҳад буд. Ин унсурҳо – падару модари намуна, устоди фозил ва ҳамнишини хуб медошад.
Темирова Мушарраф Ҳасановна. омўзгори калони
кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ ДИС ДДТТ