Дар ин рўзҳо ва лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмон қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар моломол аз ифтихору сарбаландист. Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон – ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун воқеаи беназир мебошад. Мо ҳама хуб медонем, ки масъалаи ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО Роғун ба мавзўи рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату наҷод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад.
Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ матраҳ гашт. Имрўз босарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.
Акнун, чархаи аввали НБО-и Роғун бо ҳузури Пешвои муаззами миллат ва меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд, ва мо боварӣ дорем Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикиро ба даст меоварад. Бо бунёди комили НБО Роғун ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Ба истифода додашудани агрегати якуми НБО Рогун аҳамияти минтақавӣ, байналмилалӣ ва фаромиллиро дорост. Барқи Роғун ба хонаи ҳар яки мову шумо ворид гашта, онро рўшан месозад, зиндагиамонро шукўҳу шаҳомати нав мебахшад. Ҳар яки мо бояд фахр кунем, ки фарзандони бо ору номус ва соҳибкасби Тоҷикистон бо роҳбари ояндабини худ қодир ҳастанд ҳар гуна муаммоҳои ҷомеаи имрўзаи моро ҳал кунанд. Роғун аҳамияти беназири о дорад.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд. Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар рўзи Президент, дар рўзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани чархаи якуми НБО Роғун моҳиятан рамзиву амри воқеъият аст, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавқеъи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд.
Мо ҳама сокинони кишвар, баъди суханронии Пешвои муаззами миллат дар ифтитоҳи чархаи аввали НБО Роғун ба хулосае омадем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари кишвар тоҷикони баору номус якдилу якҷон дар пайи ободии ватани азизанд. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо ҷаҳди бузург, бо иттиҳоду якдилӣ мардуми сарбаланди тоҷик санг бар болои санге ниҳода, Роғунро сохтанд, то ки ояндаи мо нурафшону дурахшон бошад:
Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро Сарвари фархунда накўст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.
Нуъмон Раҷабзода