НАЗАН БАР МИЛЛАТИ МАН ТӮҲМАТИ БЕҒАЙРАТӢ ҲАРГИЗ…

 

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расид, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва дар замине, ки минтақаи баҳсӣ ҳисобида мешавад, ҳама созишномаҳоро нақз намуда, ба сохтмон шуруъ менамоянд. Ба ғайр аз ин ба сӯи мардум оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рӯи адолат аст?!

Чуноне, ки ҳамагон тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем чанд рӯз пеш  дар сарҳадаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Даҳшатовар он аст, ки дар муноқиша силоҳои оташфишон  истифода шуданд. Ин чи даҳшатест, ки дар ин давру замон. Мардуми ҷаҳон аз вабои аср каронавирус мемиранду лек мардуми ҳамсояи мо бошад меҷангад.

Тибқи расонаҳои хабарӣ роҳбари ташкилоти террористии “ПМ” Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба воқеаҳои Исфара, Ворух, Хоҷаи Аъло андешаҳояшро баён доштааст.

Роҳбари ТТЭҲНИ-“ПМ” Муҳиддин Кабирӣ ҳама масъулият ва ҷангу муноқишаҳоро ба души Ҳукумати кишвар бор карда, аз вазъи Артиши миллӣ ва сарбозон изҳори нигаронӣ намудааст. Аммо, дар тули соҳибистиқлолии кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат тавонист дар ҷойи холӣ як артиши мукаммалро ташкил намояд. Нодида гирифтани ин ҳама пешрафту комёбиҳо дар Артиши миллӣ аз рӯи инсоф нест.

Кабирӣ андеша дорад, ки мардуми Тоҷикистон ҷонибдори Ҳукумат нестанд, аммо ин фикри ӯ ғалати маҳз аст. Оғози даргириҳо нишон дод, ки ҳама миллат сарҷамъ гардида, таҳти сарварии Пешвои маҳбуби миллат барои ҳимояи марзу буми Ватан омодагии худро эълон намуданд.

Ҳамин тариқ, ин андешаҳои иғвогаронаи Кабириро маҳкум намуда, ба ӯ муроҷиат карда гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад ва амалҳои разилона ва нопоки худ нахоҳад расид. Зеро халқи шарифи Тоҷикистон аз давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон  ифтихор доранд ва ва барои таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон омодагии ҳаматрафа дида истодаанд.

 

Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани сарбозони қирғиз касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад.

Мо хуб медонем, ки баъди сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара ва мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон чандин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва бояд онҳо пурра риоя карда шаванд. То аниқ гаштани хатти марз сохтмони ҳамагуна иншоотҳо дар минтақаҳои баҳснок қатъиян манъ аст, пас чаро тарафи Қирғизистон ин талаботро риоя накарда худсарона ба сохтмони ҳар гуна иншоотҳо даст мезанад?!  Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад.

Ба душманону бадхоҳони давлату миллати тоҷик, бахусус  ба М.Кабирӣ муроҷиат карда, бо байти зерин сухани худро анҷом мебахшам:

 

 

Раҷабов Р.О., муаллими калони математекаи

 олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *