
Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст. Гуруҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротиашонро қариб бемамониату бебокона тағибу ташвиқ намуданашон ба назар мерасад. Дар робита ба ин, мо дар атрофи танҳо бадхоҳону хоинони кишварамон ибрози андеша карда қайд менамоем,ки имрузҳо қувваҳои манфиатхоҳ ва душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита дар либоси экстремизму, терроризм ва дар шакли ниҳоду ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ байни мардум тухми кина кошта, сулҳу суботи кишвари азазамонро халалдор карданӣ ҳастанд. Чунончи, раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони фирории наҳзат бо номи “Паймони миллӣ…” (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ кардан зарурият надорад, хонандаи закӣ хуб медонад) дар Аврупо паноҳгоҳу пуштибонӣ ёфта, истифода аз афзалияти шабакаҳои иҷтимоӣ минбардорӣ карда, бо ин васила нисбати давлату миллати кишвари соҳибистиқлоламон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Бояд қайд кард, ки нақши хоҷагони хориҷӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ба қудрати молию сиёсӣ расидани наҳзатиҳои фирорӣ ба мушоҳида мерасанд.Мо мисол меорем, танҳо яке аз пайравони наҳзат- Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ровии барномаи ифротӣ бо “Минбари муҳоҷир ”мебошад. Ин афроди бешарафро мо қаблан дар маколаҳои қаблиамон бешарифиашро бо далелҳои ранднашаванда шаҳру эзоҳ дода будем ва ҳоҷат ба баён нест. Ин иғвогари бешраф дар давоми моҳи августи соли равон маротиба ва санаҳои 4, 8, 10 ва 15 сентябри соли равон бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла Тағоев Муҳаммад бо иғво ва хиёнат ва матлабҳои бадномкунанда, бо навбат баромад намуданд. Инчунин дигар думраваш Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” баромад намуда, нисбати кишвари соҳибистиқлоламон иғвогарӣ менамояд. Бешубҳа барномаҳои ифротии зикршуда барои амали намудани супоришҳои хоҷагонашон мебошад, ки бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва маълумотҳои бардуруғро паҳн намуда, бо ин васила, мехоҳанд вазъи кишвари моро ноором созанд. Дар аксар дасисаҳои ин барномаҳои ифротӣ маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун М.Садриддин ва думравонаш мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногун кишвари моро зери танқид қарор диҳанд. Умуман, бадхоҳони миллат амалҳое, ки анҷом медиҳад, хоинона буда, аз рӯзноманигории ноб хеле аз фарсахҳо дур аст..

Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоямм, ки М.Садриддин ва думравону роҳбару хоҷагонаш фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо, имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ин тудаи иғвогарон ва умуман наҳзатиҳо муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ