Найрангҳои навбатии М. Кабирӣ дар Берлин

Душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасос ҳамеша бар сари мардуми мо  санги маломат мезананд. Бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурўғро паҳн карда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкардаи худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали Истиқлолият ба хоку хун оғўшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро сарсону саргардон кунанд. Имрўзҳо аъзоёни ЊНИ ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ гашта, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон медиҳанд. Онҳо  мехоҳанд, ки боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, дар шаҳри Берлин бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро ташкил кардаанд. Натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд.

Бо вуҷуди ин, террористону экстремистони наҳзатӣ, ки душманони ашадии њуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванду аслан озод будани инсонро ҳамчун арзиш қабул надоранд, дар санаи таърихии 10 декабр – Рўзи байналмилалии Ҳуқуқи инсон талаби раҳоии чанд ҷинояткорро, аз қабили Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро ва дигаронро доранд. Ҳамзамон, онҳо чун террорист аз нафароне, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд даст ба ҷинояти бераҳмона куштани одам ва созмон додани ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони мақомоти қудратӣ зада буданд, дифоъ намуда, чунин ваҳшоният ва даҳшати зиндониёнро ҳодисаи хубу хуш муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба митинг даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд Ташкилоти экстеримистию террористии ҲНИ аст.

Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ки ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳдиҳандаи Олмон бо ин роҳ такмил кунанд.

Бозҷӯйиҳои нав бар онанд, ки амволи М.Кабирӣ бамаротиб болотар аз он будааст, ки 3 млн.доллари амрикої, ки аз он 1,2 млн. доллар барои “ҳоҷӣ” Ҳалим дар соли 2015 будааст. Ин бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз бозору хонаву дар ва автомошинҳо, танҳо дар хориҷа, арзиши хонаҳои истиқоматии ӯ ба 10 млн. доллар мерасад. Заминҳои нави лалмӣ ва обии ӯ маълум шудаанд ва барои мусодираи онҳо иқдом сурат мегирад.Чор зани ғайриникоҳии ӯ ошкор шудааст ва маълум мешавад, ки амволи ин раҳбари нафсбедори наҳзатиро соҳибӣ мекардаанд. Парасторони хориҷии ӯ ба миқдори миллионҳо доллар барои ноором сохтани Тоҷикистон ба ӯ сармоя додаанд.

Аллакай тамоми кишварҳои Аврупоӣ аз шаклу шамоил ва рафтору кирдори намояндагони терроризми байналхалқӣ, чун ТТЭ ҲНИ ба пуррагӣ безор буда, онҳоро тамоман чашми дидан надоранд. Воќеан њам, имрўзњо на танҳо давлатҳои аврупоӣ, балки мамолики мусалмоннишин ҳам, ифротиву таҳрибкоре, чун намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро хеле хуб дарк кардаанд.

Дотсенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ                         Қобилов Нарзулло Қобилович

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *