НАҲЗАТИЁН — ТАБЛИFГАРИ МАНФИАТИ БЕГОНАГОН.

Имрӯз гурӯҳу созмонҳои  махсуси тағриботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои ифротии  худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва макфураи махсусан ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд. Чунончӣ ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ, ки имрӯз фирорӣ шуда, тариқи барномаи «Паймони миллӣ…» худро чун “ҳамадону адолатпарвар” нишон дода, бо пеша намудани дурӯғгӯӣ нисбати давлату миллат суханҳои беасос изҳор медорад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки наҳзатиён манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоханд аз нав Истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд ва онро дубора ба дастнигару ғуломи бегонагон табдил диханд. Чун худ озод нестанд ба дигарон низ озодӣ бахшида наметавонанд ва арзиши истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди  давлату миллати тоҷдорӣ тоҷик мебошад, қадр намекунанд..

Бояд дар хотир дошта бошем, ки имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ ва роҳбари фирории он М. Кабирӣ бо истифода аз фурсати муносиб ва маккории сиёсӣ мехоҳад аз нав Иттиҳоди неруҳои мухолифин (оппозитсия)-ро дар хориҷ таъсис бидиҳад ва зиёиёну фарҳангиёни бурунмарзӣ ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро тахти султони худ гирд оварад. Дар пушти ин қазия боз сармоягузорони хориҷии минтақавӣ ва баъзе созмонҳои манфиатдорӣ меистанд ва ҳимояти молию сиёсии ТТЭ ҲНИ-ро, ки лоиҳа-проекти даромадноки онҳост, дар хориҷ ҳам бар ӯҳда мегиранд.

Бинобар ин набояд фаромӯш кард, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Имрӯз ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи  ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус , амалҳои фоҷиабори  онҳоро дарк кунанд. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки мо баҳри он талош меварзем, ки дастварваронамон дар оянда ҳар яке солимақида, ватандӯсту меҳанпараст гардида, чун мутахассисони варзида ба кишвари худ хизмат намоянд.

ТУРСУНОВА .М.Ё.  ассистенти кафедраи

баҳисобгирии бухгалтер, таҳлил  ва аудит.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *