НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ба гирдоби љанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монда, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар чунин вазъи ниҳоят пурҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони ҳамон вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нестӣ ва парокандӣ эмин намояд. Маҳз азму ирода ва тадбирҳои ояндаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ пойдор гардид.

Ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона корвони сулњи тољикон пас аз чандин даври музокирот, 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулњ ва ризояти миллї марњилаи нав дар њаёти мардуми Тољикистон оғоз ёфт, ки ин дастоварди бузург дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофари Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Вобаста ба ин, мехостам қайд намоям, ки имрӯз авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр ноорому бесубот ва шиддат гаштааст. Аз ҷумла, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, чун терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистон бояд зикр кард, ки кишварҳои ин минтақа ҳамчунин бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гашта, то ҳол амалҳои  гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ба амнияти ин давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд. Онҳо асосан кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд.

Баъд аз рафтани нерӯҳои ИМА аз хоки Афғонистон аз моҳи майи соли 2021 вазъият дар ин кишвар боз ҳам мураккабу ҳалокатбор гашта, боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ мавқеи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон тақвият ёфтанд ва алҳол ҳамаи онҳо ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро эҷод менамоянд.

Гурӯҳҳои террористиву тундгаро дар наздикии марзҳои ҷанубии  кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон беш аз 40 урдугоҳ ва маркази омӯзиши террористон ташкил кардаанд, ки дар онҳо беш аз 6000 ҷангҷӯ ба сар мебаранд.

Вазъияти ба амал омадаи Афғонистон то ҳол ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.

Масъалаҳои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ташаббуси таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ҷиҳати ҳифз намудан аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир амри зарурӣ мешуморанд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун сипар дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дорад ва кишвари мо, на танҳо минтақаи Осиеи Миёна, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир таъмин карда истодааст.

Вобаста ба ин, тайи солҳои охир ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Аз ҷумла:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», аз 2 январи соли 2020;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», аз 23 декабри соли 2021;
  • Стратегияи миллии Ҷумҳурии Точикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”;
  • “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 аз 3-юми марти соли 2018;
  • Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзу назорати он, бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 ноябри соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Дар баробари ин, Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш, аз 23 декабри соли 2022 ба ниҳодҳои қудрати супориш доданд, ки маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Ин марказ бевосита ҷиҳати пешгири намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, хизмат хохад кард.

Инчунин, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як қатор ташкилоту гӯрӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: ташкилоти «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари-Тайиба», гурўҳи исломии «ҷамъияти исломии Покистон, «Ҷамъияти-Таблиғ», ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллох, ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», равияи динии «Салафия», ташкилоти «Давлати исломии Ироқ ва Шом», ташкилоти «ҷабҳату-н-нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», “Ҷанги муқаддас”, “Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ”, “Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ”, “Хонаи ду зиёратгоҳ (ал-ҳарамайн), “Ҷунд-аш шом” (Артиши Шоми бузург), “Ҷиҳоди исломӣ, Иттиҳоди экстрамистии «Шоҳидони яҳво».

Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чун Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории судманд менамояд.

Дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар пойтахти кишвар се конфронси байналмилалии сатҳи баланд, дар мавзӯҳои “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018), “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи 2019) ва “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18-19 октябри 2022) доир гаштанд.

Дар баробари ин, солҳои 2018-2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ӯҳда дошт. Солҳои 2020-2021 раисии Тоҷикистон дар Нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат хохад кард.

Ҳамин тариқ, ташаббусу тадбирҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таъмини сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд.

Воқеан, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту сулҳофар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуда, таҷрибаи кишвари мо, дар барқарор кардани сулҳу субот ва муқовимат алайҳи хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст,ки  марзу буми кишвар аз вартаи нестшавӣ ва парокандагӣ эмин дошта шуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки воқеан таҷрибаи мактаби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои амниятӣ на танҳо дар дохили кишвар балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сатҳи ҷаҳон хело бузург аст. Дар ин радиф, мо бояд, ҳамеша кӯшиш намоем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ  чун  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои  истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

ҲОШИМОВ ФИРӮЗ ҶАББОРОВИЧ – Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ, ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *