НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Абдурашидова М. А. – ассистенти
кафедраи молия ва қарз

Ислом дар ҷаҳони муосир вобаста ба миқдори пайравонаш дар ҷойи дуюм (баъди христианӣ) буда, асри VII милод дар Арабистон ба вуҷуд омадааст. Миқдори умумии мусулмонон дар сайёраи замин тақрибан 1,5 млрд. нафарро ташкил мекунад. Дар 120 мамдакатҳои ҷаҳон ва зиёда аз он ҷамъиятҳои мусалмонӣ мавҷуд мебошанд. Дар сию панҷ мамлакати ҷаҳон мусалмонон қисми зиёди аҳолии муқимиро ташкил мекунанд.
Дар бисту ҳашт мамлакати Африқо ва Осиё ислом мазҳаби давлатӣ эътироф гардидааст. Дар ҷаҳони имрўза динӣ ислом ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва ҳаёти ҳаррўзаи мардуми ин мамлакатҳо таъсири зиёд дорад. Олимони амрикоӣ ва аврупоӣ ин ҳолатро бо якқатор сабабҳо маънидод мекунанд, ки байни онҳо асоситаринаш ин ҳаётӣ ва чандирии мазҳаби исломӣ, хусусияти таасуб ва ҷанговарона доштани он, ҷавонии ислом, одӣ ва дастрас будани дини исломӣ, мувофиқати пурраи таълимоти динии шахсияти мусалмон мебошанд.
Асосан дар исломи муосир се равияро тақсим мекунанд:

  • расмиятпарастӣ;
  • модернистӣ;
  • фундаменталӣ.

Он шахсоне, ки ба гурўҳи расмиятпарасон дохил шудаанд, мехоҳанд, асосҳои таълимоти исломро чӣ хеле, ки айни замон мавҷуд аст, нигоҳ доранд ва аз имконияти мавҷуд буда истифода намуда, арзишҳои мазҳабии гум шударо, барқарор намоянд.
Модернистон ворид намудани ислоҳотро дар динӣ ислом пешниҳод мекунанд.
Пайравони фундаменталии ислом барқароркунии меъёрҳои ҳаёти исломиро дар он шакле, ки дар замони Пайѓамбар Муҳаммад ва чор нафар халифони ў мавҷуд буд, талаб доранд. Онҳо пайравии ѓояҳои аввала, шарт ва арзишҳои таълимоти исломро ҷонибдорӣ намуда, кўшиш мекунанд, ки вайроншавӣ, нишебӣ ва бидъат (сафсатафурўшӣ)-ро дар раванди рушди он бартараф ва покизагии аввалини онро барқарор намоянд.
Аввалин тарѓибкунандаи исломи ислоҳнопазир Муҳаммад ибни ал-Ваҳҳоб (1703-1787) буд, ки таълимоти исломиро танҳо дар асоси Қуръон (китоби муқаддас-Оллоҳ) ва ҳадисҳои он (оид ба ҳаёти Муҳаммад Пайѓамбар ва чаҳор халифони ў) асоснок намуд. Ў ва пайравонаш – ваҳҳобиҳо нишондодҳои қуръони (ҳатто қатъитарин)-ро, ки ҳаёти мусалмононро танзим мекард, барқарор намуданд. Дар натиҷа ваҳҳобиҳо тавонистанд, ки дар Арабистони Марказӣ давлати исломиро (давлатеро, ки баъдан Арабистони Саудӣ ном гирифтааст) ташкил диҳанд. Ҳамин тариқ, давлати ваҳҳобиҳо аввалин таҷрибаи ташкили ҷамъияти фундаменталии ислом гардид. Аввали асри ХХ миқдори чунин ҷамъиятҳо босуръат афзоиш ёфт.
Бояд қайд кард, ки тамоюли фундаменталӣ дар ҳар мазҳаб мавҷуд мебошад, вале дар мазҳаби ислом он васеътар паҳн гаштааст. Аз рўи таълимоти дини исломӣ ҳар як коре, ки мусалмон мекунад, ў бояд бо фикри Оллоҳ амалӣ намояд.
Мувофиқи таълимоти фундаменталии муосир дар давлатҳои исломӣ пешсафони дини ислом бояд ҳукмрон бошанд ва иқтисодиёт ба давлат мутеъ гардад. Мувофиқи ин таълимот моликияти хусусӣ иҷозат дода шуда бошад ҳам, вале тақсимоти натиҷаҳои меҳнат аз тарафи ҷамоат ва намояндагони динӣ мувофиқи шарти «ба ҳар кас мувофиқи қобилият ва парҳезгорӣ» танзим карда мешавад. Ѓайр аз ташкили ҷамъияти идеалӣ, ки дар асоси қонунҳои исломӣ асоснок гардидааст, ҷойи муҳимро дар тафаккури фундаменталистон ѓояи «ҷиҳод» ишѓол мекунад.
Қисме аз фундаменталистон «ҷиҳод»-ро ҷанг кардан бо «кофирон» (ѓайримусалмон) дуруст намеҳисобанд ва таълимоти исломиро ба халқҳои ѓайримусалмон бо роҳи фаҳмонидадиҳии шарт ва қоидаҳои ислом ҷорӣ карданро пешниҳод мекунанд. Онҳо бар он ақидаанд, ки шартҳои ислом ҳақиқианд, тартиботи дуруст дорад ва ислом ѓолиб меояд.
Он ҳодисаҳои ифротгароӣ, терроризм ва эксремизме, ки солҳои охир дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳад, аз тарафи мусалмони ҳақиқӣ содир карда намешавад. Дар ҳар вохўриҳои худ бо мардуми одӣ, зиёӣ ва соҳибкорон Президенти кишвар иброз мекунанд, ки «… ифротгароӣ, терроризм ва эксремизм миллату ҷинс надорад».
Охири садаи бистум гурўҳи террористии «Толибон» давлати Афѓонистонро ба харобазоре табдил дод. Гурўҳи дигари террористӣ ва экстремистӣ ба ном «Игил» ва зархаридони он мехостанд, давлати Сурияро ба Афѓонистон табдил диҳанд, вале бо дастгирии Иттифоқчиён ин гурўҳ маҳв карда шуд.
Аввали солҳои 90-уми асри XX гирдиҳамоиҳое, ки дар пойтахти Тоҷикистон рух дод, аз тарафи «гурўҳи шахсон» ташкил шуда буд. Ин гурўҳ кўшиш намуданд, Тоҷикистонро ба чанд қисмат ҷудо намоянд ва дар ниҳоят ба давлати ҷангзадаю харобазор ва исломӣ табдил диҳанд, вале тахайюлоташон амалӣ нашуд. Он давра ҲНИТ дар Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Пайравони ин ҳизб хостанд, дар давоми зиёда аз 20 соли фаъолияташон бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардуми мамлакатро халалдор намуда, ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат зарар оранд.
Дар охир қайд карданиам, ки ҳар фарди солим новобаста аз ҷинсу миллат ва ба кадом равияи динӣ эътиқод намудан, барои шукуфоӣ, сулҳу оромии мамлакати худ қувваи зеҳнӣ ва ҷисмониии худро равона намояд.

Адабиёт:
1. Ислам в странах Ближнего и Среднего Востока. М., 1982.
2. Кротов Я. Ислам и христианство в начале XXI века. / Я.Кротов. Заметки к истории Церкви. – М., 2003.
3. Сомонаи интернетӣ: google. ru.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *