Ибораи “Экстремизми динӣ вабои аср” имрӯз ба аксиома табдил ёфтааст. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, тавассути телевизион ва радио барномаҳои зиёд пахш мегарданд. Аммо аз рӯи маълумотҳо маълум мешавад, ки шиддати экстремизми динӣ суст намешавад. Амалҳои террористие, ки рӯзҳои охир дар Афғонистон, Сурия (парвози дронҳо), ҳодисаҳои характери террористи дошта дар даалатҳои Африқо ва ғайра аз ин шаҳодат медиҳанд. Дар ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё террористон дар танҳои, бедастгирии ашхосе ё гурӯҳе ин амалҳои худро содир карда метавонистанд ё не? Албатта, не! Пас маълум мешавад, ки касе ё гурӯҳе дар ҷомеа худ андеша накарда ба ин ё он тавр барои содир намудани амали террористӣ ёварӣ менамояд. Мо гумон надорем, ки онҳо дидаю дониста ба ин кор даст мезананд. Онҳо дар ҷои зист ё кори худ фаҳмидаю нафаҳмида амалҳоеро содир менамоянд ва барои содир намудани амали террористӣ шароит фароҳам меоранд. Аз ин лиҳоз, фақат таблиғи он, ки амали террористи амали номатлуб аст, кифоя нест. Дар ин ҷо дар назди ҷомеа, ниҳодҳои иҷтимоӣ, хусуан илм вазифаи хеле муҳим вокуниши моҳияти амалҳои террористӣ дар ҳама шаклҳои зуҳури он зарур аст. Аз ин лиҳоз, муқобилият бар зиддӣ терроризм на фақат дар шакли вусъати корҳои таблиғотӣ, балки ба роҳ мондани тадқиқотҳои илмӣ ба роҳ монда шавад. Дар раванди корҳои таблиғоти мо бештар аҳолиро бо натиҷаи амалҳои террористӣ ошно мегардонем. Масалан, фалон миқдор дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд, фалон миқдор амалҳои террористӣ содир шудаанд, миқдори кушта шудагон, маҷрӯҳшудагон ва ғайра. Аммо дар бораи он, ки ниҳодҳои иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирӣ (профилактика)-ии амалҳои террористӣ чи кореро ба сомон расониданд, чизе гуфта намешавад. Шояд эътироз намоянд, ки вохӯриҳо, сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд, ҳатто дар ҳисоботҳо далелу санадҳо пешкаш мешаванд. Аммо дар ин вохӯриҳо боз рақамҳо оварда мешаванд, ҳисоботи масъулон шунида мешаванд, ки аз натиҷаи амалҳои террористӣ шаҳодат медиҳанд. Вале боз суоле ба миён меояд, ки баҳри он, ки чунин амалҳо содир нашаванд чи гуна тадбирҳо андешида шудаанд, воқеан ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ. Хусуан дар ҷои зист, ҷамоатҳо кадом амалеро ба сомон расинид, ки воқеан садди роҳи терроризмро мегирад.
Атрофи ин масъалаҳо фикрронӣ намуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки мо дар бораи падидаи номатлуб терроризм бисёр ҳарф мезанем, вале ба моҳияти он, роҳу услуи мубориза бар зидди он тасаввуроти кофӣ надорем. Дар ин ҷо мардуми омиро гунаҳкор кардан нашояд. Шояд гуноҳ бар сари илм бошад, ки ба мардум моҳияти падидаи терроризм ва роҳҳои воқеъии мубориза бар зиддӣ онро фаҳмонида надодааст. Дуруст аст, ки дар саҳифаҳои матбуот мақолаҳои зиёде чоп мешаванд, ки муаллифони онҳо асосан омӯзгорони илми таърих, сиёсатшиносӣ, фалсафа, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол ва дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Вале мо ягон мақолаи мутахассисони соҳаи илми диншиносиро оид ба падидаи экстремизм вонахӯрдем. Барои чи, барои мо равшан нест. Дигар ин, ки мубориза бар зидди экстремизми динӣ дар сатҳи давлату ҳукумат ҷонибдори мешавад. Ин ниҳодҳо манфиатдоранд, ки шиддати экстремизми динӣ заиф гашта, дар ҷомеа решакан карда шавад. Агар ҳамин тавр бошад, дар сатҳи Ҳукумат бояд Барномае тарҳрези шавад, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ омилҳои воқеии экстремизми динӣ дар ҷомеа муайян карда шавад. Барои амали намудани ин Барнома кормандони Шӯъбаи сотсиологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Инститти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҷомеашиносии Донишгоҳҳо ҷалб карда шаванд. Мо медонем, ки кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши ташкилотҳои байналхалқӣ тадқиқотҳои сотсиологии гуногун мегузаронанд. Бояд дарк намуд, ки бе гузаронидани чунин тадқиқотҳои бунёдӣ иллатҳои аслии экстремизми диниро дарёфт намудан амри муҳол аст. Пайдост, ки ин кор бе маблағгузори ба роҳ монда намешавад, зеро ҳар як меҳнат подоши худро талаб менамояд. Натиҷаи ин кор бояд хушбинона бошад, зеро мо билохира ҷойгоҳи экстримизми диниро дар афкори умум муайян менамоем. Амалӣ намудани ин кор зарур аст, зеро имрӯз ҳам баъзан мешунавем, ки дар он ҷое, ки дин ҳаст, зкстремизм ҷой дорад. Ин ақида ботил аст, чунки имрӯз дин ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ эътироф гашта, дар азнавсозии ҳаёти маънавии ҷомеа нақши муассир бозида истодааст. Ақидаҳои динӣ ҳамон вақт хислати экстремистӣ пайдо менамоянд, ки зери парчами дин қувваҳои ба таасуб дода шуда, аз маърифат дур монда ва ҳадафҳои ғаразнок дошта ҷамъ меоянд.
Ман дар мақолаҳои қаблӣ таъкид карда будам ва боз такрор менамоям: то он даме, ки нақши илм, аз ҷумла илмҳои ҷомеашиносӣ дар низоми таҳсилот боло бардошта нашаванд, вазъи кори таблиғотӣ, аз он ҷумла, дар ҷанбаи мубориза бар зидди терроризм натиҷаи дилхоҳ намедиҳад . Биёед ба худ як савол диҳем: барои чӣ дар замони ҳукмронии мафкураи коммунистӣ сарбории таълимии омӯзгорони илмҳои ҷомеашиносӣ нисбат ба дигарон кам буд? Барои чӣ дар ду – се сол Котиби генералии КМ ҲК-и Иттифоқи Шӯравӣ бо мудирони кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва олимони соҳа вомехӯрд? Барои чӣ олимони ҷомеашинос дар ҷамъбасти солонаю панҷсолаҳо ба мукофотҳои олии Ҳукуматӣ сазовор карда мешуданд? Ҷавоби ин суол ба зубдагони соҳаи маориф ҳавола, вале ба андешаи мо олимони ҷомеашинос қувваи бузурги мафкурасоз, шахсиятсоз ва ҷомеасоз мебошанд. То ин даме, ки мо ин ҳақиқатро дарк намуда, аз танг намудани мавқеъи илмҳои ҷомеашиносӣ дар низоми таҳсилот даст накашем, вазъият тағйир намеёбад.
Бояд тазаккур дод, ки илмҳои ҷомеашиносӣ масъалаҳои ниҳоят муҳим, аз ҷумла, чӣ тавр зиндагӣ кардан, кадом мафкураро пайравӣ намудан, дуруст фикрронӣ кардан, чӣ гуна зебо зиндагӣ намуданро ба ҷавонон меомӯзад. Асрори ҳастии оламу одам, падидаҳои табиату ҷомеа, мақому вазифаи инсон дар ҷаҳон ҳамеша моро ба фикру андеша водор месозад. Инсон, соҳиби неъмати оливу нодиртарин, яъне ақлу хирад аст. Вай, ба гуфти Абӯалӣ ибни Сино «аз қаъри гили сияҳ, то авҷи Зуҳал», асрори оламро пайваста меомӯзад ва аз худ “абармард” (Ф. Нитсше) месозад.
Инсон ба туфайли илмҳои ҷомеашиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бартарии мақоми худро аз гардун дарк намуда, аз фазилати волотарин – одамият ва рисолату вазифаи худ дар олам бохабар мегардад. Инсон ба шарафи ҳикмату илм болу пари тавоно ёфта, парвозҳои баландро ноил мешавад. Вай бо худсозию бозсозӣ аз худ инсони комил офарида, ниҳоят рози Замину афлокро мекушояд, олами обод ва зебову навро бунёд месозад.
Дар ин радиф суоле ба миён меояд, ки оё илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ дар замони имрӯзаи пуртазоду зудмутағайир ва мавҷудияти самтҳои алтернативии рушди ҷомеа рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намуда истодааст ё не? Бешубҳа, имрӯз қисми аксари олимону омӯзгорни фанҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дониш, таҷриба ва маҳорату малакаи хешро баҳри дар ниҳоди шогирдон ташаккул додани чунин арзишҳои воло ба монанди худшиносӣ, қадршиносии истиқлолият ва давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳо ва рамзҳои давлатдорӣ равона намуда истодаанд. Мо бар он андешаем, ки ин равандро ҳар чӣ таҳким бахшида, роҳу усулҳои ҷадиди кори таълиму тарбияро дарёфт намуда, барои пешгирии равияҳои номатлуб ба мисли экстремизми динӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.
Солиҷонов Р. доктори илмҳои фалсафа.