НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳониро бисёр ноорому бесубот ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамчунин, таҳмили ғояҳои тундгароёна ба афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб меёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гашта, то ҳол амалҳои  гурӯҳҳои террористиву тундгаро ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.” Аз ин хотир, ҷавонони  кишварро зарур аст, ки аз падидаҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ дар канор бошанд ва дар таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бояд хотиррасон кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ ба гирдоби љанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ  сӯзонида  шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар он айёми мудҳишу вазнин барои Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нестшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ гашт, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму иродаи қавӣ ва кӯшишҳои бузурги Сарвари  кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Вобаста ба ин, тайи даҳсолаҳои охир, ҷиҳати муқовимат ба терроризму ифротгароӣ чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар қабул карда шудаанд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021 дар таҳияи нав қабул карда шуданд.
  • Стратегияи миллии Ҷумҳурии Точикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”;
  • “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”. Ҳоло барои татбиқи стратегияи мазкур Котиботи махсус созмон дода шуда, ҳамзамон бо ин, Платформаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатии татбиқкунандаи он ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал менамояд.
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 аз 3-юми марти соли 2018;
  • Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзу назорати он, бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 ноябри соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Инчунин, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як қатор ташкилоту гӯрӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: ташкилоти «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари-Тайиба», гурўҳи исломии «ҷамъияти исломии Покистон, «Ҷамъияти-Таблиғ», ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллох, ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», равияи динии «Салафия», ташкилоти «Давлати исломии Ироқ ва Шом», ташкилоти «ҷабҳату-н-нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», “Ҷанги муқаддас”, “Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ”, “Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ”, “Хонаи ду зиёратгоҳ (ал-ҳарамайн), “Ҷунд-аш шом” (Артиши Шоми бузург), “Ҷиҳоди исломӣ, Иттиҳоди экстрамистии «Шоҳидони яҳво».

Дар баробари ин, Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш, аз 23 декабри соли 2022 ба ниҳодҳои қудрати супориш доданд, ки маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Ин марказ бевосита ҷиҳати пешгири намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, пешгирӣ хохад кард.

Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чун Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории судманд менамояд. Ҳамчунин, кишвари мо бо сохторҳои минтақавӣ чун-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» зикр карда шудааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”.

Аз ин ҷост, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот таҳдид ба амнияти давлат меҳсуб мешаванд. Барои рушди давлату ҷомеа омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва касбу ҳунар роҳи дурустӣ муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешаванд.

Вобаста ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешниҳод намуданд. Зеро, омӯзиши фанҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононро тавсеа бахшида, онҳоро ба рушди ихтироъкориву кашфиёт ҷалб менамояд.

Бо баробари ин, ба хотири ҷалби бештари наврасону чавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Тайи солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодааст.

Ҳамаи ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз дастгирии наврасон ва ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Имруз технологияҳои  муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани  хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд. Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.

Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии интернет ворид гашта, фиревтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мешаванд. Дар ин радиф, ҷомеашиносони барҷастаи ҷаҳон мегӯянд: “Агар давлатро нобуд кардан хоҳӣ пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонашро мағзшӯи намо, давлат худ гирифтори парокандагӣ гашта, аз байн хоҳад рафт”.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода  бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ҷавонони кишварро зарур аст, ки таърих, забон, фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва анъанаҳои неки гузаштаи худро омӯзанд ва ба онҳо арҷ гузоранд. Ҳамчунин, ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона ва сарбаландона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва оромии кишвар нақши худро гузоранд.

Ҳамин тариқ, ҷавонони кишвар ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кушиш намоянд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ –  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд. Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои  истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ҳошимов Ф. Ҷ.

–муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ, ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *