НӮШОБАҲОИ (ГАЗДОР, ШИРИН) ҶИГАРРО ЗИЁН МЕОВАРАНД

Пажӯҳише дар соли 2009 кашф кард, ки нӯшобаҳои қандкардашуда сабаби гирифтор шудан ба бемории чарбии ҷигар мешавад ва нӯшидани танҳо ду қуттӣ дар рӯзе кори ҷигарро вайрон мекунад.

1) НӮШОБАҲОИ ГАЗДОР МОРО ТУНДХӮЙ ВА ХАШИН МЕКУНАНД

Пажӯҳише дар аҳволи наврасон кашф карда аст, ки нӯшидани нӯшобаҳои газдор боиси тундхӯй шудани онҳо мегардад, ки эҳтимол дорад ҳатто ба силоҳ даст бизананд. Пажӯҳишгарон ҳатто ошкор кардаанд, ки наврасоне, ки танҳо ду қутӣ нӯшобаҳои газдор дар ҳафтае менӯшанд нисбат ба дӯстонашон хашинтар будаанд. Онҳое, ки дар ҳафтае панҷ дона ё зиёдтар менӯшанд монанд бар он буданд, ки гӯё дар моҳи гузашта арақ нӯшидаанд ё сигор кашидаанд.

2) НӮШИДАНИ НӮШОБАҲОИ ГАЗДОР САБАБИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ТАВАЛЛУД КАРДАНИ ЗАНОНИ ҲОМИЛА МЕГАРДАД

Замоне, ки дар Денморк пажӯҳише дар аҳволи 60, 000 зан гузаронида шуд, ба занони ҳомила ҳушдор дода шуда буд, ки аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва шакаршуда парҳез намоянд. Заноне, ки аз ин обҳои маснуӣ, хоҳ газдор бошаду хоҳ бегаз менӯшанд бештар дар хатари пеш аз мӯҳлат таваллудкунӣ монда буданд. Гумон мерафт, ки маводҳои кимиёвие, ки барои ширин кардани ин обҳо истифода шуда аст, дар бачадони занҳо тағйирот ба вуҷуд оварда аст.

3) НӮШОБАҲОИ ГАЗДОР КОРИ МАҒЗИ САРРО ДИГАР МЕКУНАНД

Ҳамон гуна, ки ин нӯшобаҳо ба колбади инсон асар мегузоранд, ҳамчунин ошкор гашта аст, ки онҳо сатҳи протеини мағзи сарро дигаргун мекунанд, ки инсонро ба фаъолият кардани беш аз андоза роҳнамуд месозад.

4) НӮШОБАҲОИ ГАЗДОР БА ЗУДПИРШАВӢ ОВАРДА МЕРАСОНАНД

Фосфате (намаки ассид) ки дар дар нӯшобаҳои газдор ё дар дигар намуди ғизоҳои дигар истифода мешавад, ҷараёни пиршавиро метезонад. Бадии он танҳо дар он нест, ки дар рӯву пуст ожангҳо падидор гарданд, балки ҳамроҳ бо пиршавӣ боз дигар гирифториҳо домангирӣ инсон мешаванд, мисли дарди шадиди гурда ва бемориҳои қалбӣ мебошад.

 

“Табибони Хуршедщаҳр”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *