Муроҷиатномаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДИС ДДТТдар ҳошияи фаъолияти пурсамари Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ва маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад ва ба пешрафти кишвар ҳиссаи худро гузошта истодааст.
Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари вазъи воқеии сиёсӣ, иљтимоӣ ва ҳуқуқии минтақа мебошад ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис ёфта, љиҳати амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи љамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурўҳҳои љиноятӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ин рў, барномарезиҳое, ки то имрўз дар муддати кўтоҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруѓ ва дигар минтақаҳои вилоят амалӣ гардидаанд, сазовори қадрдонӣ ва эҳтироманд. Агар ба қисмати муқаддимавии матни Изҳорот таваљљуҳ намоем, дармеёбем, ки Ситод љиҳати иљрои барномаи муназзами ҳукуматӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Барои намуна, масъулини Ситод аллакай то 11-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориљӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира кардаанд.
Имрўз душманону миллат пешравиҳои вилоятро дида натавониста, аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар иқдомоти расмии мақомотҳои қудратии моро як навъ амалиёти низомӣ нисбати мардуми Бадахшон унвон мекунанд.
Чӣ тавре, ки аз суханронӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилоя-ти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон медонем, ки вазъи ҷиноӣ, зиёд будани шумораи беморони нашъамандӣ ва шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам (СПИД) ташвишовар аст. Аз ин сабаб аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри бартараф намудани ин камбудӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст.
Мо аҳли коллективи омӯзгорон ва кормандони факултет ҳалли тезтари ин проблемаҳоро хоҳонем ва ба аҳолии бофарҳангу мадании вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин пешниҳодҳо муроҷиат менамоем:
– бегонагон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони Бадахшонӣ муҳити солими моро халалдор созанд;
– хоҷагони гумроҳони Бадахшон бо гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ алоқаи зич доранд;
– онҳо мехоҳанд, ки ҳарчӣ бештар тарафдорони худро дар вилоят пайдо кунанд;
– зиёда аз 60 фоизи масоҳати кишвари Афғонистон аз назорати мақомоти давлатӣ озод аст ва бесарусомонӣ дар он ҷо ҳукмрон аст;
– душманони вилоят ва кишварамон мехоҳанд, ки чунин бесарусомонӣ дар кишвари мо ҳам бошад;
– таърихи бесарусомониҳои солҳои 90-ум, ки ташкилкунандагонаш ҲНИ мебошад ба мо дарси ибрат бахшидааст, ки набояд ба чунин хатогиҳо роҳ диҳем;
– мо умедворем, ки халқи бофарҳангу мадании вилоят фирефтаи суханони бардурӯғи душманони халқу миллат намегарданд.
Мо боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон фирефтаи афкори бадхоҳони миллат ва гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор намегарданд ва сулҳу субот ва оромии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *