Муроҷиати собиқадори маориф, устоди МДТ ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илми иқтисод, дотсент Умаров Зафар Ҳоҷиевич оид ба баромадҳои М.Кабирӣ  ва суханрониҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ

М.Кабирӣ мумкин ки аз синну сол ба фарзандони ман баробар бошад. Ман мӯйсафеди 82 сола вобаста аз офати касалии замон- бемории короновирус дар хона нишаста, тасодуфан аз набераам пурсидам, ки Интернет-ро аз телефонам ёбад, набераам ёрдам кард ва ман бори аввал ба хабарҳои радиои “Озодӣ”шинос шудам ва бисёр бо хатти майда (бо булур хондам), бо баромади М.Кабирӣ шинос шуда, бисёр афсӯс хурдам, ки М. Кабирӣ бар зидди Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, бадгӯиҳо кардааст ва норозигии  худро баён намудааст. Ман дар ҳайрат мондам ва бисёр ғамгин шуда, фикри худро дар ҳамин муроҷиатнома баён намудам.

Дар Ватани азизи мо баъд аз ҷангӣ бародаркушӣ (1995) то ҳол чи гуна пешравӣ, созандагӣ, ободӣ дар ҳамаи соҳаҳои ичтимоию –иқтисодӣ ба амал омад, ҳама медонанд, ҳамаи давлатҳои дунё ҷумҳурии моро эътироф карда ва мешиносанд ва рушди иқтисодии он сол аз сол зиёд шуда истодааст. Кадом ноҳия ва шаҳрро набинем қариб, ки аз нав сохтаву обод шуда истодаанд.

Дар давраи донишҷӯӣ ва омӯзгории солҳои 60,70, 80 ба ноҳияҳо ба пахтачинӣ  мерафтем (ба фикрам шумо ҳам-М.Кабирӣ) ба мо будед, аммо пахтачини зӯр будет ё не? Намедонам.(н.Панҷ, Вахш, Ёвон ва дигарҳо) дар куҷое ҷойгир мешудем, шароити ичтимоӣ чи хел буд? Фақат як ҳолат гӯям, ба мошинҳои боркаш нишаста ба сарамон рӯймол мепечонидем, ки аз чангу хок халос шавем. Кӯчаҳо вайрон буд, баъзе вақт пиёда то сари пахтазор 3-4 км роҳ мерафтем. Холо ин ноҳияҳо чӣ гуна рушд ёфтааст, магар намебинед ва ё намедонед? Обро бо аробачаи харин меовардем.

Бинои мактабҳое, ки донишҷӯён ҷойгир мешуданд, деворашон  аз похса буд, чароғ  набуд. Ойинаҳоро бо фартук руст мекардем. Дар таги ҷогаи донишҷӯён пахол мепартофтем, чунки пол набуд. Дар ҳамин шароит мо хурсандона пахта мечиндем.

Ман дар шаҳри Душанбе 36 сол зиндагонӣ кардам, аввал донишҷӯ, баъд омӯзгор, бо сабаби ҷанги ҷанҷолии бародаркуш ба назди модари пири худ (соли 1992) ба шаҳри Хуҷанд баргаштам, ҷои зист надоштам, завҷаам аз дунё рафт. Рисолаи докториам бе ҳимоя монд.  Ҳоло ноҳияҳоро бинед, маркази ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳри Душанбе кӯчаҳои нав, иморатҳои бисёрошёнаи ҳозиразамон, марказҳои фароғатӣ ва ғайра,  шаҳри Душанбе воқеан шаҳри афсонавист!

Сохмони роҳҳо, роҳи оҳан, пулҳо, корхонаҳои зиёд НБО-и Роғун ва дигарҳо, ин ҳама магар кам аст? Мо бояд инсоф дошта бошем! Ҳар ҷое ки Президент бо сафари корӣ мераванд, садҳо ҷои кор, созандагӣ, навоварӣ ҷорӣ мешавад.

Ҷавонон мепурсанд,ки ин қадар иқтисодиёти мо пеш рафтаасту чаро Муҳидин Кабирӣ норзиогӣ худро баён мекунад?

Он кас ки?Касбашон чӣ? Зодаи кадом ноҳия мебошанд? Ба Ватани худ чи кор кардаанд? Ягон корхона,мактаб ё ягон роҳро обод карданд ё не?

Хаёт тез мегузарад. Дар пирӣ одам ба фаъолияти худ баҳо медиҳад. Ман чӣ нағзӣ кардам ва чӣ баъди кардам? Ба ҳамин савол дар охират инсон чи ҷавоб медиҳад?

Ман омӯзгорам, 55 сол дар мактабҳои олӣ кор кардам. Садҳо шогирдон тайёр кардам ва аз фаъолияти онҳо ман фахр мекунам ва сарбаландам. Дар куҷое, ки набошанд шогирдон аз як тарафи кӯча ба тарафи дигар омода ҳолпурсӣ мекунанд. Мошинҳои худро манъ карда, ёрдами худро пешниҳод мекунанд.Барои инсон боз чи лозим?!

Дар охир мо пирону ҷавонон ба Президенти худ ҳамфикр мебошем ва бо Пешвои миллат фахр мекунем

Шумо М.Кабирӣ бо чӣ фахр мекунед?

Дар зарбулмасали русҳо омадааст, ки “В бочке мёда лоҷка дёгтя”-Дар зарфи асал, як кошуқ сиёҳӣ “.  Биёед, сиёҳиро нест кунем. Аз як гиребон сар барорем ва барои ободии Ватан софдилона  хидмат намоем.

 

Барои чӣ Тоҷикистон коронавирусро сабуктар мегузаронад

Татяна Соломатина номзади илмҳои тибб, узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатии Русия вазъияти коронавирус дар Тоҷикистонро шаҳр дод.

 

ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Татяна Соломатина номзади илмҳои тибб, узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатӣ мегӯяд, Русия дер ё зуд бояд сарҳадро боз кунад. Бидуни ҳамкорӣ ва роҳандозии чораҳои зидди паҳншавии вируси нав, пирӯз шудан бисёр душвор аст.

Ӯ гуфт, Русия дар мубориза бо коронавирус таҷриба дорад ва Роспатребнадзор барномаи виҷаеро барои муътадил кардани вазъ роҳандозӣ кард.

“Вируси сироятӣ ба Тоҷикистон каме дертар расид. Ва аз ин лиҳоз барои Тоҷикистон хубтар шуд: аллакай барномаҳо ва схемаи табобатӣ коркард шуданд”, – қайд кард Соломатина.

Ҳамчунин коршинос қайд кард, ки аллакай рӯйхати доруҳое, ки барои табобати коронавирус созгоранд ва ба сироятшудагон аз COVID – 19 таъсири мусбат доранд, омода шудааст. Дар баробари ин Соломатина гуфт, ки ба Тоҷикистон ахиран шумораи зиёди либосҳои фардии муҳофизатӣ дастрас шуд.

Узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатии Русия гуфт, роҳи муассире, ки метавонад хатари сироят шудан аз коронавирусро кам кунад, риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад.

 

 Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, мегӯяд, истифодаи ин маҳлул, эҳтимоли сирояти дигаронро 99 фоиз кам карда, барои духтурону бемордорон хатари сироятёбӣ қариб аз байн меравад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, истеҳсоли маҳлули антисептикии пошанда (спрей)-ро ба роҳ мондаст, ки “Антиковид-19” ном дорад

Маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад, хабар додаст нашрияи парлумони Тоҷикистон, “Садои мардум”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳикматов муътақид аст, ки агар беморони гирифтори коронавирус рӯзе 6-8 маротиба маҳлулро ба кому даҳон пош диҳанд, эҳтимолияти сироят ёфтани дигарон 99 дарсад кам мешавад.

“Духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон тамос доранд, агар бо ин маҳлули антисептикӣ даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад”, – омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзуд, бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз маҳлули “Антиковид-19” истифода бурдаанд, беҳбудиро эҳсос намуданд.

Нашрия навиштааст, ки яке аз бартариҳои нӯшдорую маҳлули антисептикии пошандаи “Антиковид-19” дар он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро пурқувват мекунад.

“Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим  мебозанад”, – омадааст дар матлаб.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *