Муроҷиати омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои  инноватсионӣ

 

Муроҷиати  омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои   инноватсионии ДИС ДДТТ ба мардуми кишвар доир ба пешгирии коронавирус «COVID-19»

     Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд. Ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус «COVID-19» имрӯзҳо тамоми тадбирҳо андешида шуда истодааст ва он зери назорати доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои шахру нохияҳои кишварамон ба қабул, ташхис ва табобати беморон омода ҳастанд ва ҳамаи шароит барои он муҳайё гардидааст.

Воқеан нест кардани коронавирус «COVID-19» аз сарзамини биҳиштии мо фақат чанд кори оддиро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Яъне дар мадди аввал ба таҳлука наафтем. Чунки тарс ақлу ҳушро кунд намуда, баданро заиф менамояд. Сониян риоя кардани тавсияҳои мутахассисон, яъне духтурони мо мебошад. Зеро бо иҷрошавии дурусти онҳо дар муддати кӯтоҳ аз беморӣ халос шуданамон имконпазир аст. Бо баробари ин фурӯшандагон, хазинадорону хизматчиёни марказҳои савдо бояд пурра талаботи гигиениро риоя намоянд. Дар вақти харид дар нуқтаҳои  фурӯши  ниёзи мардум пеш аз ҳама безараргардонии зарфҳо ва пуллҳои коғазӣ ва металлиро таъмин намудан зарур аст.

Бо назардошти масъулини соҳа, яъне табибон ҳар як шахс бояд ҷиҳати ҳифзи саломатии хеш ва фарзандону пайвандон баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус «COVID-19» гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намояд. Аз ҷумла:

-дар хонаҳои худ бишинад,

–  ба кӯча танҳо дар ҳолати зарурӣ барояд;

-дастони худро мунтазам бо собун шӯяд; –

гулӯву биниро бо намакоб чайқонад;

-оби ҷӯши гарм нӯшад;

-ба кӯча танҳо бо ниқоб барояд;

-тариқи дастфишурӣ салом нанамояд;

-масофаро бо атрофиён то 2 метр риоя намояд ;

-аз истифодаи ҳар гуна доруворӣ бе маслиҳати духтурон худдорӣ    кунад;

– дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд.

Барои ҳамаи мо вақти он фаро расидааст, ки масъулиятро дар назди миллату Ватан аз дируза бештар ҳис намуда, андешаю суханҳои баланди инсонпарваронаи худро дар амал татбиқ намоем. Мо танҳо дар якҷоягӣ, бо Ваҳдати комил аз вабои аср- коронавирус «COVID-19» низ халос гардида, ба зиндагии муқаррарии худ бармегардем. Моро рӯзҳои хуш дар пеш интизор аст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *