


Вақтҳои охир аз ҷониби яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат- Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути канали “Ютуб” дар барномаи “Минбари муҳоҷир “баромадҳои пасту баланди бардурӯғу иғвогарона, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намуданаш ба назар мерасад, ки сарввал баромадҳои ифротиашро маҳкум намуда, дар атрофи он андешаҳоямонро иброз менамоем. Бояд қайд кард, ки агар ҳар шахс баромадҳои М.Садриддинро бо чашми хираду ақли ҳақиқатбинона нигоҳу таҳлил намояд, ў симои инсонӣ дораду ҳангоми сухангӯиҳо худро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд менамояду дар асл чӣ қадар манфур ва бадкинаву сиёҳдил буданаш бараъло зоҳир мешавад. М. Садриддин имрӯзҳо тариқи барномаи “Минбари муҳоҷир” махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои бадкирдорӣ сафарбар намудан даъват ба амал меорад.Бо ибораи дигар, бархе афроди дилсиёҳу ғализмайнаи муғриз бо камоли мамнунияту чеҳраи айёр тоифаи сусту беимону эътиқодро моили худ намуда, баҳри расидан ба мақсадҳои ғаразнок истифода мебаранд. Хуллас, ин мунофиқи роҳгумзадаи иғвогари ифротӣ бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону шарафашро ба боди фано супурда, ҳоло дар паи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сақату кизбу дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату давлати тоҷикон гуфтан дорад.Чун дар боло калимаи “мунофиқ”-ро ба забон овардем, ки онро шарҳ медиҳем. Яъне мунофиқ шахсеро мегӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънояш «он ки зоҳираш дигару ботинаш дигар аст» ва «дурӯя» шарҳ дода шудааст. Назарҳои М.Садриддин ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки М.Садриддин як “инсони гирифтори бемории равонӣ” унвон мекунанд. Таъкидан ба мунофиқи роҳгумзадаи иғвогари ифротӣ ва умуман ба раҳбарияту ҳаммсалакони паймони худсохтаи наҳзат гуфтанием, ки шумоён ватангумкардаҳо хоҷагони хориҷии маблағгузоратон ба афкоратон тӯҳмату фитнаангезиро ҷой кардаанд.
Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии бадхоҳони миллат, аз қабили М. Садриддини мунофиқ ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони наҳзатро ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
