Тибқи нақшаи якҷои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва ДИС ДДТТ дар толори маҷлисгоҳи донишкада вохўрии кормандони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо устодону донишҷўёни ДИС ДДТТ баргузор гардид.
Мулоқотро муовини директор оид ба тарбия Ҷонназарова Д.Х. ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаи мазкур мавриди назар андешаҳои судманд иброз дошт. Дар мулоқот мутахассиси раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Ахмедов Шаҳбоз, мутахассиси матбуоти раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Нурматов Шодмон суханронӣ намуданд. Дар баромади худ Ахмедов Ш. ва Нурматов Ш. оид ба шомил шудани ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ, гурўҳҳои экстремистӣ бемасъулиятии волидайн дар тарбияи фарзандон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва оқибатҳои он, нодуруст истифода бурдани шабакаи интернет ва пешгирии ҷинояткорӣ изҳори назар карда, ҳамагонро баҳри мубориза ва пешгирии ин падидаҳо даъват кард.
Ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Неъматов Муродҷон дар баромади худ оид ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории тоҷикон, баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, баланд бардоштани хештаншиносии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва масоили дигар суханронӣ намуд.
Мулоқот дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, донишҷўён имкон пайдо карданд то суолҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас шунаванд.