Мухолифин дар Аврупо чӣ гум кардаанд?!

Нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз 16 то 26 сентябр дар Варшава баргузор хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати худро барои иштирок дар ин нишаст мушаххас намуд. Онҳо дар ин ҷаласа ҳар арзу шикоят ё танқиде мешавад, гӯш мекунанд ва ба онҳо посух медиҳанд. Ҳамасола ҳайати мухолифин дар оғози баргузории ҷаласаҳои САҲА бештар ба сӯи ҳукумат санги маломат меафкананд ва садо баланд мекунанд, ки ҳуқуқҳи онҳо нақз гардидааст ва бояд зиндониён озод карда шаванд. Аммо дар ин замонаи бисёр ҳассос ҳар як сокини кишвар бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи афкору андешаи бегонагон нагардад.

         Имрӯз мухолифине, ки дар Аврупо сукунат доранд, ҳамон нафаронеанд, ки баъди бахшидани гуноҳҳои нобахшандаи ҳаммаслаконаш бо қабули Созишномаи истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ тавба накарда, боз ба иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиаш аз давлатҳои Шарқ ва Ғарб ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст задаасту худро фидоии хоҷагонаш эътироф мекунад. Чи тавре, ки бо ВАО маълум гардид, ин гуруҳҳо имрӯз низ нақшаҳои боғаразонаи зиёд доранд ва собиқ аъзоёни ҲНИ зимни баромади худ дар филмҳои мустанад ин амали онҳоро барало ошкор карданд. Маълум гардид, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҷавонони роҳгумзадаро дар хоки Афғонистону Эрон барои ба роҳи зуроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва табаддулот дар Тоҷикистон, озод намудани ҳаммаслаконаш аз маҳбас омода карда истодаанд. Онҳо дар ҷаласаи САҲА худро ҳамчун ҷабрдидаи сиёсӣ дар чашми хоҷагони хориҷии худ нишон дода, дар бораи ҳуқуқ, озодӣ ва ҳифзи он сухан карда, гӯё онҳо бегуноҳ бошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нияту амалҳои онҳо кайҳо огоҳанд. Тоҷикистони озоди мо давлати суҳлҷу, адолатпеша эътироф гардидааст. Бинобар ин бо бовариии комил метавон гуфт, ки нақшаву ниятҳои разилонаи хоинони миллат, ки мехоҳанд бо амалҳои нопоки худ обрӯву мавқеи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ кунанд ва ба ин васила диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашанд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Мардуми бофарҳанги тоҷик ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, дар шароити осоиштаву сулҳу субот дар рушду нумуъи Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд. Сулҳе, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, самараи ранҷу машаққат, қаҳрамониҳои ҳазорон фарзандони ҷоннисори ватан аст ва мо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарда, намегузорем душманони миллат боз ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои нав оваранд.

Дилафрӯз Ҳомидова,
мутахассиси шуъбаи илми ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *