МУБОРИЗАИ БЕАМОН АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Зимни андешаи хеш мо ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш мехоҳем диққати онҳоро ба муҳимтарин масъалае, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем.Пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Ба азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди Пешвои муаззами мамалакт Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Истиқлолияти муқаддаси мо ва ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, тақвият ёфта, кишвари азизамон рӯз аз рӯз рушди тоза меёбад.
Аммо, мутаассифона, солҳои охир вазъияти сиёсии ҷаҳони муосир тағйир меёбад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти ноҳанҷори сиёсиву иҷтимоӣ, ҷанги хонумонсӯзу таркишҳою кушторҳо дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастанд, маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд.Танҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ ва 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён содир шудааст. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти Афғонистон ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад.
Умуман авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки имрӯз роҳбарият ва бештари ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар кишвархои Аврупо паноҳ ёфта, мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва ҳадафҳои муғризонаи раёсати ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи “Паймони миллӣ”намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад. Ҳадафи хоинони миллат аён аст, ки раҳбарияти кунунӣ Муҳиддин Кабирӣ ва умуман ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад карда, мардумро мехоҳад гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, авзои имрӯзаи Афғонистонро истифода бурда, нақшаи разилонаи навбатиашро амалӣ созад. Кабирию думравонаш зимни баромадҳошон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масъалаи нерӯҳои ҳаракати “Толибон» ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда, мехоҳанд, дар ҷомеаи имрӯза таҳлука барангезад.
Бояд хотиррасон кард, ки Сарвари кишварамон дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз аввалинҳо шуда оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Ҳамин тасмимгирӣ дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нуктаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст.
Хулоса, масъалаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас бобати таъмини амният, пешгирӣ аз фаъолиятьи унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ, бахусус муборизаи беамон бар зиддди хоинони давлату миллат имрӯз яке аз вазифаҳои муҳими айём маҳсуб меёбад. Бо назардошти чунин вазъ камина ба Шумо-ҳамдиёрони азиз, сидқан муроҷиат менамоям: дар айёми феълии зуд тағйирёбанда дар афкори ҷамъият масъалаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки баррасии онҳо дар ҷомеаҳои меҳнатӣ-мактабу донишгоҳҳо, коргоҳҳо, ташкилотҳо, маҳаллаҳо, шаҳру деҳоти мамлакат бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлат ва миллат пайванди қавӣ доранд. Қабл аз ҳама, набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст дод. Бахусус, таъмини суботи доимӣ дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон Тоҷикистон, мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа, тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои муосирро бояд андешид.
Таъкидан ба замони пурталотуми сиёсии имрӯз ба Шумо
– ҳамдиёрони азиз муроҷиат менамоям:
-ҳар як шахси миллатдӯсту ватанпарвар баҳри рушду нумӯи ҷомеаи бунёдкору созандаи Тоҷикистони азиз бояд ҳиссагузор бошад;
-нагузорем, ки наврасону ҷавонони мо дар заминаи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гарданд;
-маърифат-асосӣ болоравии сатҳи зиндагии маънавӣ аст. Тарғиби мафкураи солим ва ғояҳои миллӣ, андешаю арзишҳои умумимиллӣ байни ҳама қишрҳои ҷомеа зина ба зина бояд тақвият бахшида шавад.
Ба масъалаҳои дар боло зикрёфта набояд сабукандешиву саҳлангорӣ кард. Танҳо ватандӯстии комил, уфуқҳои тозаи хиради беинтиҳо, донишу тавоноӣ, фарзанди содиқи меҳан будан моро аз вартаи душвориҳои наҷот ва ҷониби ояндаи дурахшон роҳи мунавваре боз хоҳад кард.

Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *