Агар мо бе восита ба мафҳуми калимаи наҳзат назар афканем, ин калима аз забони араби гирифта шуда, маънои аз нав зинда сохтанро дорад. Вақте, ки роҳбарони ҲНИ ба ҳизб чунин ином гузоштанд ба кадом хотир буд! Агар онҳо мақсад дошта бошанд, ки исломро аз сари нав зинда созанд ин ба акли солим рост намеояд. Чун, ки дини ислом зиёда аз 1500 сол шудааст , ки зинда мебошад ваз инда хозад монд. Хисиёти зиндаро аз сари нав зинда намудан ин танҳо хиллаю найранг мебошад. Соҳибони ҳизб номи Ҳизби наҳзатро ба хотире намондаанд, ки дини ислом хизмат расонад, ин номро ба он хотир мондаанд, ки дини ислом ба ҳизби «ифротии» онҳо хизмат намояд.
ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд.
Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирузӣ шуданро макоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террористии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дари тамоми оламро пешаи худ кардаасн. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо «Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар » – пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22- декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудудӣ ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногуворӣ амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сари роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ сахми худро гузорем.
Омӯзгори кафедраи
молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ
Юлдашева Меҳриниссо
Юнусовна