МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ!

Воқеан, ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти инсонҳо хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумла, чунин хатарҳо радикализм, терроризм, экстремизм мебошанд, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудаанд. Дар як қатор давлатҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо вазъияти ноҳанҷори сиёсиву иҷтимоӣ, ҷанги хонумонсӯзу таркишҳою кушторҳо дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастанд, маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд.Танҳо дар моҳи октябри соли равон дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ ва 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён содир шудааст. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти Афғонистон ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад. Баробари ин баъзе аз гуруҳҳои ифротгар, аз ҷумла, хоинони миллати кишвар -ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гурӯҳи -24 ин ҳолатро ба манфиати худ истифода мебаранд ва бо истифода аз дини мубини Ислом, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро ба роҳи бад бурдан кӯшиш доранд.
Фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 имрӯз дар хориҷи кишвар, дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки хоинони миллату давлат аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Аз ин рафтору гуфтор ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ мегӯянд?! Миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад!? Имрӯз ин гуна ҳолат, аз ҷониби дигар миллат ба мушоҳида намерасад. Баробари ин қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо намояндагони 425 дини ҷаҳон дар ҳайратанд! Чаро исломи поку беолоишро ба гурӯҳҳо тақсим намуданду якдигарро террор мекунанд ва пайваста дину мубини Исломро ба ҷараёнҳои сунӣ ва шиа душман сохта, якдигарро иғвою тӯҳмат ва оқибат даст ба куштор мезананд. Воқеан дини мубини Исломи нобу таълимоти покизае, ки аз бузургони мо Салмони Форс, Имоми Аъзам, Ал- Бухорӣ ва дигар нобиғаҳои миллати тоҷик ба мо ёдгор мондааст, ки дар рушду нумуи илму маърифати исломӣ саҳми босазо доранд, фаромӯш нашуданист.
Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд. Мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Бинобар ин мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.
Дар интиҳои андешаи хеш гуфтанием, ки кулли қувваҳои солими сайёро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими талаботи замон аст.

Д.ҶОННАЗАРОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *