Мубориза алайҳи вабои аср амали дастаҷамъона

Мафҳуми терроризму экстремизм  имрӯз яке аз мавзӯъҳои асосии баҳсу андеша ва нигаронии мардуми солимфикри ҷаҳон гаштааст. Ашхоси хатарноке, ки ба ин зуҳурот даст мезананд, ғасби ҳокимият ва бо роҳи зӯри тағйир додани сохти конститутсионии давлатро мақсади худ қарор додаанд.

Бар асари амалҳои террористивуэкстремистӣ беш аз 40 сол аст, ки дар Афғонистони бо мо ҳамсоя мардум тинҷу осуда ҳаёт ба сар бурда наметавонад.

Ҳоло садҳо равияву гурӯҳҳо ба ҷомеа зарари бузург дошта, пайомадҳои манфиро низ ба бор овардаанд. Ин гурӯҳу равияҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ робитаи мустақим доранд, ки ин барои ҷомеа хатаровар аст. Яке аз онҳо Ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст, ки бо кӯмаки молиявии хоҷагони хориҷӣ ва душманони миллати тоҷик таъсис ёфт ва барои ба мақсадҳои нопоки хеш расидан кишварро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонид.

Имрӯз зарур аст, ки шаҳрвандон кӣ будани ин тарафро бифаҳманд ва дар ҳифзи якпорчагии кишвар дастаҷамъона саҳмгузор бошанд. Зеро хоинону душманони миллати тоҷик мисли солҳои 90-уми асри гузашта дар ниқоби дӯст ва ҳомии арзишҳои диниву мазҳабӣ  ворид гардида, ба мо чӣ хиёнатҳоро раво диданд.

Зиндагонӣ дар ҷомеаи солиму осуда ва дигар музаффариятҳои даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтани нафарони нопок аз разолати онҳо шаҳодат медиҳад. Зеро ҳар фарде, ки соҳибтафаккур асту ҷаҳонгашта, бохабар аз навгониҳои олам, огаҳӣ дорад, ки дар ҷаҳон ягон давлате, ки ҳукумати қонуниаш бо халқаш доимо ҳамдилу ҳамтинат, пайвасту муттаҳид бошанд, ангуштшуморанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ масоиле, ки оқибатҳои фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як давлат буд, феълан хосияти умумисайёравӣ пайдо карда, боиси нигаронии ҳамагон мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба маризие дар узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Амалу баҳсҳои бепояву бемантиқи роҳбарону аъзои ташкилоти мамнӯъшудаи ҲНИ тариқи интернет ҳеҷ монандие ба кору рафтори инсони солимақлу солимфикрро надорад.

Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст…

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботи оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Мудири китобхонаи ДИС ДДТТ

                                                                              Усмонова М.М.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *