МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА  ЭКСТРЕМИЗМРО БОЯД  ТАҚВИЯТ БАХШИД!

       Тибқи расонаҳои хабари ДИИШ-ро  яке аз ташкилоти иблисӣ низ маънидод мекунанд, на исломӣ! Раҳбарияту пайравонаш  симои воқеии салафияи тахрибкор ва ҷинояткор мебошанд. Имрӯз аксарияти пайравонаш дар қаламрави Афғонистон ошкорову пинҳонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

        Қувваҳои иртиҷоии ДИИШ кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар роҳу восита истифода бурда, диққати аҳли ҷаҳонро ба сӯи худ кашанд. Дар ин роҳ сайтҳои интернетӣ бо нишон додани қувваи худ, зӯровариву ваҳшоният ба дилу ақидаи одамон таъсир мерасонанд. Мубалиғони ДИИШ сомонаҳои  интернетро ҳамчун яроқи пурқуввати идеологӣ истифода бурда, сафҳои худро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ ҷавонон ин минтақа зиёд менамояд. Бояд зикр намуд, ки аксари пайвастшудагон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, зеро дар Федератсияи Россия нархи истифодабарии интернети арзон дастрас ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ интернети ройгон фаъолият менамояд, ки ҳар нафар бемалол метавонад ба он пайваст шавад. Масалан як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Парвиз Набиев яке аз он нафаронест, ки ба воситаи интернет ба доми мубалиғон ДИИШ афтодааст. Зимни иқроршавиаш иброз намудаст, ки ҳама аз шунидани дарсҳои диннӣ дар сомонаҳо шурӯъ гардида, ба воситаи видеоконференсияҳо бо ҳамфикронаш, ки дар Сурия қарор доштанд мулоқот намуда, оқибат озими Сурия шудаанд. Баъд онҳоро таълими писхологӣ ва идеологӣ дода, ба сафи ДИИШ қабул намуданд. Мисоли дигар, тибқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре  шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо аъзоёни  ДИИШ њамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалњои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонон даст ба чунин амал даст мезананд? Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон мегарданд. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву террористии ДИИШ ва амсоли ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд.

          Хулоса мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранд, аз ҳаргуна гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои бегона эҳтиёт намоянд. Моҳияти динӣ мубини Исломро дуруст дарк карда тавонистанро ба фарзандон омӯзонанд. Ин нуктаро ба назар гирифт, ки мубориза бо терроризм њар қадар душвор ва сахт бошад њам ирода, шуҷоат ва ҷонфидоӣ барои мубориза бояд дар назар гирифта шавад ва тақвият ёбад.

ҶӮРАЕВ Ҷ. Б.,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *