Мубориза алайҳи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ

Террористону экстремистон аз афроди ифротии ҷомеа буда, ба ҳадафҳои сиёсии хеш ба воситаи таъзиқу зӯроварӣ мерасанд. Ҷиҳати расидан ба аҳдофи ғаразнокашон ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабиро ташкил менамоянд, ки дар шароити имрӯза мубориза алайҳи онҳо ба муаммои умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Махсусан, дар минтақаи Осиёи Миёна, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ солҳои охир фаъолияти ҳизбҳои Ҳизбу-т-таҳрир, Салафия, ҳаракату шохаҳои зиёди ДОИШ, Толибон ва дар Тоҷикистон Ҳизби террористию экстремистии Назҳати Ислом ҷоннок шудаанд. Ҳар яки онҳо дар наздашон мақсадҳои ғаразнокӣ сиёсӣ гузошта, аз муқаддасоти дини мубини ислом истифода мебаранд. Азбаски бисёре аз мардуми оммӣ аз асосҳои шариати ислом пурра бохабар нестанд, шефтаи ақидаҳои беасосӣ онҳо гашта, ба роҳгумзадагӣ ва қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Ҳамчунин бо ҳавасмандкунии молиявӣ ва тарғиботу ташвиқоти шабонарӯзӣ қисми зиёди ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, фаро гирифта шудааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай аз солҳои навадум аз аҳдофи ғаразнокӣ онҳо бохабар гашта, як қатор чорабиниҳоро алайҳи терроризму экстремизм тарҳрезӣ ва амалӣ намудааст. 16 ноябри соли 1999 қонун “Дар бораи мубориза ба муқобили терроризм” ва 21 ноябри соли 2003 қонун “Дар бораи мубориза бо экстремизм” қабул шуданд, ки пояҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи ин падидаҳоро фароҳам овард.

Имрӯз ҳам сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналхалқӣ масъалаи ҳаллу фасли муборизаро бо ифротгароии мазҳабӣ матраҳ намуда, диққати кишварҳои дигарро ба ҳалли ин масъала боғайратона ҷалб менамоянд.

Мардуми Тоҷикистон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳамаҷониба сиёсати ҳукумати кишварро дар самти мубориза бо ҳаракату ҳизбҳои сиёсии террористию экстремистӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ намоянд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки натиҷаи фаъолияти ҳизбҳои ифротӣ ба чӣ оварда мерсонанд. Масалан, чунин кишварҳои ободу пешрафта Ироқ, Сурия ва Ливия дар як мӯҳлати кӯтоҳ ба харобазор табдил ёфтаанд.

Ба андешаи камина хуб мешуд, ки маълумотномаҳо дар бораи фаъолият ва мақсадҳои ғаразноки чунин ҳизбу ҳаракатҳо дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа паҳн карда шуда, натиҷаи узвият ва дастгирии онҳо возеҳу равшан нишон дода шавад.

Вохӯриҳо ва нишастҳои доимиро бо фаъолони ҷомеа ва мардуми оддӣ аз рӯи нақшаи муайян ташкил намуда, махсусан бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро ҷоннок кардан зарур аст.

Муаллими калони кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳон, ДИСДДТТ
Умаров Содирхон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *