Муқовимат зидди терроризм ва экстремизм

Дар Тоҷикистон, дар баробари равнақу ривоҷ ёфтани суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрванд, омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд.

Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ғояҳои ин зуҳурот, инчунин,  сафарбар гардидани шаҳрвандон ба минтақаҳои Осиёи наздик, ба марказу неруҳои экстремистиву террористӣ, ҳамчун падидаҳои халалдоркунандаи амнияти ҷомеъа маҳсуб меёбанд, ки набояд аҳли ҷомеаи солими кишварро бетараф монад.

Ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин рӯ, саривақт ошкор ва бартараф карда шудани онҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад. Сабабҳои  ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигї, низоъву, кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд.

Аз ин рў, тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард.

Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари равияву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию маҳаллӣ бартару болотар мебошанд. Қабл аз ҳама, бояд тамоми афроди ҷомеа равшан ва амиқан дарк намоянд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард, ки оромиву осоиштагии ҳаёти ҷомеаро  таъмин намоем.

Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷї пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорї ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои  созандагї ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд,вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷавонон аз камтаҷрибагию нофаҳмӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гашта, минбаъд аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, дар ҳайати ин ташкилотҳо фаъолияташонро идома медиҳанд.

    Бояд зикр намуд, ки дар эзоҳи як қатор моддаҳои КҶ ҶТ муқаррарот оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гаштани шахси ҷиноят содир карда, пешбинӣ гаштааст. Ин муқаррароти қонун ба аҳолӣ бояд фаҳмонида шавад, то ки нафарони гумроҳ гашта, оиди фаъолияти худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд, ки дигар оқибатҳо пешгирї карда шаванд.

Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд.

 

Қобилов Н.Қ.,

дотсенти кафедраи молшиносӣ

                                           ва фаъолияти гумрукӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *