Муқовимат бар терроризм ва таъмини бехатарӣ дар замони муосир

Бо ибтикори факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳти унвони “Муқовимат бар терроризм ва таъмини бехатарӣ дар замони муосир” конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.

 Конференсияро декани факултет дотсент Ҳабибуллохон Баҳодуров оғоз намуда, таъкид кард, ки  солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксари ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.  Дар баробари ин соли 2007 Қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия дотсент Далерҷон Мирпочоев оиди бехатарии мардум ва амнияту осоиштагии кишвар андешаронӣ намуда, зикр намуд, ки: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад». Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Подполковник Раҳматуллозода Ғулом – сарнозири пешгирӣ “Ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар баромади худ перомуни тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир маълумот дод. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.

Баъдан Маҳмудов М. муаллими кафедраи назарияи иқтисодӣ, Қурбонов Ф. –муаллими кафедраи молия ва қарз бо намоиш додани слайд-презентатсия перомуни авзои ноороми ҷаҳони имрӯз гузориш дода, дар бархе аз кишварҳои ҷаҳонї ислом, хусусан давлатҳои арабӣ – Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд,  ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором  буда, мардуми осоишта  қурбони  амалҳои  гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва ифротгароӣ гардидаанд. Хусусан зуҳури давлати исломии Ироқу Шом барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод сохтааст. Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар ҳаминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд.

Экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасанд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо ҷавонон ва аҳли башар дониста мешавад.

 

Мудири кафедраи назарияи иқтисод д.и.и., профессор Абдумавлон Азимов зимни суханронӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулњу Ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсола њам доир ба зуњуроти нињоят хатарноки асри нав – терроризм ва љањони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваљљуњи алоњида зоњир намуда ќайд намуд, ки давлатњои абарќудрат барои манфиатњои хеш барои аз нав таќсим кардани љањон бо њам бархурди бесобиќадоранд, ки дар натиља вазъи сиёсии сайёра боз њам печидаву муташанниљ гардида, буњрони молиявию иќтисодї дар бисёр кишварњои олам шиддат гирифтааст.

Терроризм чун вабои асри  ХХ1  имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Дар интиҳои конфронс бо умеду ихлоси зиёд декани факултет дотсент Баҳодуров Ҳ.И. ба шунвандагон арзи сипосгузорӣ намуда, боз як маротибаи дигар таъкид намуд, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароён, гуруҳҳои бадхоҳ ва бадандеши миллат ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Кулли шаҳрвандони кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул- гулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи мо ва ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд.

 

 

 

        Муовини декан оид ба илм:                Манонова Р.А.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *