Мо омӯзгорон аз вазъи ҷаҳони имрӯза, яъне торафт шиддат гирифтани мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, вусъат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳӣ дорем. Дар атрофи амалҳои террористию экстремистӣ андеша ронда, бояд қайд кард, ки мутаассифона, имрузҳо дар манотиқи кишварҳои олам террористону экстеримистон яке аз ҳадафи асосиро амалӣ мекунанд, ки ин ҳам бошад онҳо тавассути қурбониҳои бузурги инсонӣ, харобкорӣ дар байни омма тарсу ҳарос ва нифоқ меандозанду ба ин васила ба сиёсати давлатҳо фишор меоранд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ бо якбор якчанд мақсади худро амалӣ месозанд, масалан аз як тараф ба воситаи амали террористӣ аҳолиро метарсонанд, фазои тарсро паҳн менамоянд ва ба ҳамин тарз диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Терроризмро ба театр ташбеҳ додан мумкин аст, чунки террористон кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, васоити ахбори омма таркиш, қатлу куштори одамонро ба маърази тамошо гузоранд ва ба ҳамин воситаи тарсу ваҳмро дар дили одамон ҷой кунанд. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ва ҳамзамон бо мақсади решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб зарурият пеш омадааст, ки ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ дар самти омӯзиши сабабҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, таҳқиқи методҳои нави муқовимат ба идеологияи ифротгароии динӣ, мониторинги фазо ва авзоъи сиёсӣ, пешниҳоди роҳу усулҳои илман асоснок фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва инчунин ҷидду ҷаҳди асосии ҷомеаи башарӣ ва давлат, хусусан ниҳодҳои илмӣ ва доираҳои коршиносон бояд ба эҷоди тарзҳои нав ва ҳамзамон самарабахши пешгирӣ аз хатарҳои экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ, муқовимат алайҳи он нигаронида шуда бошад.Яъне, талаботи замони муосир аст!
Хулоса, бо назардошти ҳангомаҳои ҷаҳонии масъалаҳои хусусияти умумибашарӣ дошта, аз ҷумла тероризм, экстремизм, қочоқу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, истифодаи нодурусти технологияи иттилоотӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ Тоҷикистон дар мубориза бо хатарҳои номатлуби ҷомеа истодагарӣ намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ҳамоҳангӣ, робитаи мусолиҳатомез, кўшиши бидуни зўроварӣ ва тариқи сулҳу созиш ҳал намудани мушкилоту проблемаҳои умумибашариро сипари шамшери разолат намудааст. Суханрониҳои пайвастаи Сарвари кишвар оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, алалхусус таҳлилҳоеро, ки дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин, инчунин, рӯзи 1-уми сентябр ба муносибати Рӯзи дониш баён гардиданд, хуб дарк намудаем. Таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, ки ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзмарраи худ қарор дода, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.
Дар фарҷоми андешаи хеш аз суханрониҳои Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда, қайд менамоем, ки мо бояд барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи бечунучарои талаботи қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун тамоми имкониятҳои худро сафарбар созем. Мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид ва мададгору ғамхори якдигар бошем. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини кишварамон бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
М.МАМАДҶОНОВА
устоди ДИС ДДТТ