МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН – ХОИНИ МИЛЛАТ

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мо мушоҳида намуда истодаем, ки ҷаҳони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад. Дар робита ба ин андешаронӣ намуда, мисол меорем, ки як гурӯҳ хиёнаткорон, роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар кишварҳои хориҷа паноҳ бурда, тариқи барномаҳо  ба  кишвари соҳибистиқлоламон  сангандозӣ мекунанд, вазъи сулҳу суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд.Чунончӣ имрӯхо Муҳаммадиқболи Садриддини  бешараф, хоини миллат яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ бо номи “Пайванд” маҳз ба тӯҳмату ғайбат кардани роҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ машғул аст. Дигар ӯ коре надорад.  Албатта ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси оқипадарон  ва мардудон аст. Умуман нисбати амалҳои қаллобӣ ва бешарафии роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет»-Пайванд  Муҳаммадиқболи Садриддин соатҳои дароз суҳбат намоем кам аст. Воқеан ин хиёнаткор бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда, ватанфурушу хоин будани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Мақсади асосии ин хоини миллат гумроҳ намудани ҷавонону наврасон буда, сафи хоинону ватанфурушонро зиёд кардан аст. Таъкидан хотиррасон мекунем, ки хеҷ гоҳ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф  ба мақсади нопоки худ нахоҳад расид. Зеро ҳар фарди бонангу номуси миллат ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг, рафтору кирдори бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин, бахусус аз филми ҳуҷҷатии Хиёнат, кисми 7-уми он Бешарафӣ аён гардида, аз ҷониби кумондонҳои афғонӣ таслиқи  шудаст, имрӯз ҳама бохабаранд. Бинобар ин таъкидан ба хоинони миллат М.Кабирӣ ва М.Садридини бешараф ва ҳаммаслаконашон гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиашон номи Тоҷикистонро ба забон наоранд! Наҳзатиён набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд.Чунки онҳо ватанфурӯш ва бадхоҳони миллат ҳастанд, ки ба ин таърих гувоҳ аст.

ХОЛИҚОВ Д.Н.,

ассистенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *