Имрўз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст, терроризм, экстримизм, равияҳои ифротгароӣ мебошанд.
Мутаассифона, имрўз гурўҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва ваҳдатгарои ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон, ки хилоф ба арзишҳои башардўстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корнамоиҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.
Ҳизби наҳзати ислом бо ҳаракатҳои динии ифротгароӣ на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехостанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. Аъзоёни Ҳизби террористии наҳзати ислом аввалан ҳамчун ислоҳотгарони дин дар ҷомеа шинохта шуданд ва рўз аз рўз бонуфузтар гаштанд. Оҳиста –оҳиста сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, донишҷӯён, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд. Барпо намудани баҳсу мунозираҳо ё сабти суханрониҳояшон дар фитаҳо ва паҳн намудани онҳо якбора таъсирашонро дучанд кард. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои динии кишвар аён гардид. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Қайд шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар давлати исломии Сурия ва дигар минтақаҳои дунё» мушоҳида кардан мумкин аст. Дидан мумкин аст, ки чӣ тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ҳарчанд Истиқлолият майдони фарохеро барои қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст.
Мавриди зикр аст, ки имрўзҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби олии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзўи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сўҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстримизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии тундгаро, сабаб ва омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурўҳҳои террористӣ аз мавзўъҳои меҳварии ин мулоқотҳо мебошанд.
Баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб волидайн, атрофиён масъулони шаҳраку ҷамоатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷўҳ надоранд ва намеандешанд, ки паёмади чунин бетарафӣ бар нафъи миллату давлат ва ҷомеа нест. Аз нигоҳи коршиносон, мутаассифона, имрўз фаъолияти таблиғотии чунин гурўҳҳои мусалмоннишин доман густурда то марзи Тоҷикистон низ расида, иддае аз ҷавонони гумроҳ ва дур аз маърифати исломиро ба сафҳои худ ҷалб кардааст, ки ҷони худро қурбони ормонҳои бегонаву муғризона мекунанд. Аз гуфтаҳо бармеояд, ҳамаи қишри ҷомеа бояд масъулият ҳис намоянд ва баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб саҳми худро гузоранд.
Шарипова М,
Мудири кафедраи кафедраи муҳосиботи
бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ