МО РОҲИ ХУДРО ИНТИХОБ КАРДЕМ!

Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи муайянккардаи Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сохтмони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш рафта истодааст. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди қатли сайёҳони хориҷӣ ва суханронии яке аз саркардаҳои ҲНИ Айёмиддин Сатторов маводи зиёде ба нашр расиданд, ки касро ба андеша водор менамоянд. Куштори сайёҳонро ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ содир кардаанд ва онҳо ба ин васила мехоҳанд ба обрӯи кишвари мо латма ворид созанд. Мардуми кишвар ин хиёнату ҳамоқати бадхоҳони миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Дар филми мустанаде, ки тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” пахш гардид яке аз муассисони ҲНИ Айёмиддин Сатторов бо далелҳои собит аз фаъолияти ҲНИ интиқод карда, роҳбари имрӯи ҳизбро сахт зери тозиёнаи танқид мегирад, ки фирефтаи афкори аҷнабиён гашта, хилофи ҳизб ва оинномаи он фаъолият кардааст. Имрӯзҳо қувваҳои мухолифин ба монанди гурӯҳи 24, собиқ сарвари ҳизби террористи Наҳзати исломӣ, ки тирашон дар солҳои 90-ум ба ҳадаф нарасида буд, бо ҳар роҳ дар хориҷи мамлакат кӯшиш доранд,  ки роҳбарони давлати соҳибистиқлоли моро сиёҳ кунанд. Халқи оддӣ ва ҷавонони чаласаводу гумроҳро  ба таъсири худ дароранд. Вале ваҳдату ягонагии халқи тоҷик, ки санҷиши таърихро аз сар гузаронида, сиёҳро аз сафед, мусбатро аз манфӣ фарқ карда метавонанд набояд ба доми чунин қувваҳои ифротӣ дароянд. Мо роҳи худро интихоб кардем. Роҳи мо сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *