Таҳлилҳо собит менамояд, ки муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳо бо терроризм ба он натиҶа расид, ки имрӯз дар Афғонистон он бештар домани худро густурдатар мекунанд. Таҳлилҳо собит менамояд,ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ҳаракати “Толибон” дар сомонаҳои интернетӣ ҳамагон шоҳиди он ҳаводис шуданд, ки мардум фарзандашро фурӯхта истодааст ё ин ки таҷовуси духтарчаҳои хурдсол ва қатли бонуи варзишгар, алалхусус бештар амалҳои террористӣ содир мешаванд.Алҳол дар ин кишвар беш аз 20 гуруҳҳои террористӣ фаъолият доранд.Тибқи расонаҳои хабарӣ дар давоми соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар натиҶаи таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамлаи яке аз масҷидро бар уҳда гирифтааст. Бояд қайд кард,ки дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Аз ин лиҳоз ин кишвари мо ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки Афғонистон ба буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Сарвари кишвар қарор дорад. Умуман Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон ва барои таъмини сулҳу субот ва амният бо Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкорӣ менамояд. Кишвари мо аъзои фаъоли сохторҳои минтақавӣ -Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.
Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ шӯравиро Ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муассир амалӣ карда истодааст. Дар ин радиф, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе як қатор конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд, аз ҷумла, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 майи соли 2018 дар ш. Душанбе) ва конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 майи 2019 ) доир гаштанд.
Дар соли 2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (15 июни соли 2019 ш. Душанбе) ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ш. Вена 10-11 июли соли 2019 года) ба ӯҳда дошт.
Ҳамчунин, соли 2020-2021 Тоҷикистон раисии худро дар нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, ба ӯҳда дошт.Бояд тазаккур дод, ки санаи 17 сентябри соли 2021 таҳти раёсатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШтаҳти унвони “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” ба анҷом расид. Дар Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ масъалаи Афғонистон мавзӯи асосӣ ва калидӣ буд. Кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ