Мисру Тоҷикистон дар мубориза зидди терроризм фаъоланд!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳои расмӣ матолибе перомуни дар Қоҳира баргузор гардидани конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» ба нашр расид. Воқеан ин конфронси сатҳи байналмилалӣ ба фаъолияти экстремистию террористии ин ду ҳизб, ки айни замон фаъолияташон қатъ гардидааст, бахшида шуда, дар он коршиносони сатҳи байналмилалӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.
Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодӣ баргузор гардид. Чорабинӣ зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ гузаронида шуд.
Конференсия зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» сурат гирифт. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъияти ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои террористӣ, ки ҳарду кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкорӣ бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни конференсия аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар бо шумули коршиносони соҳа, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср ширкат варзиданд.
Меҳмонони хосаи конференсия собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф, собиқ Вазири рушди иҷтимоии кишвар Ҷуда Абдулхолиқ, намояндагони Маҷлиси Шӯро (Парлумон), вазоратҳои корҳои хориҷа, авқоф, Муассисаи ал-Азҳар ва ҳизбҳои сиёсии Миср, кормандони сафоратҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Алҷазоир, руҳониёни калисои масеҳиён ва дигарон буданд.
Конфронс дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо пешниҳодҳои ҷолиб баҳри пешгирӣ аз экстермизму терроризм анҷом ёфт. Мо баргузории чунин як конфронси байналмилалиро дастгирӣ намуда, боварӣ дорем, ки ҳар ду кишвар бо терроризм дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд, ҳизб ва ё гуруҳҳои экстремистию террористӣ боиси ноором гардидани авзои кишвар гарданд.
Олимӣ Р. Л.,
номзади илми иқтисод, дотсент

2 Комментариев для “Мисру Тоҷикистон дар мубориза зидди терроризм фаъоланд!”

  1. Very interestіng informatіon!Perfct just what I wаs looking for!

    “If you bungle raising your children, I don’t think whatever else you do matters.” bby Jacqueline Lee
    Bouvier Kennedy Onassis.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *