Мехостанд Тоҷикистонро Ироқ ба гирдоби оташ кашанд!

Охири асри XX ва аввали асри XXI гурӯҳҳои гуногун ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварданд. Ин гуна гӯрӯҳҳо аслан на барои ободии кишвари худ, балки барои тезу тунд гаштани муносибатҳои байни одамон сабаб гардиданд.
Гурӯҳҳои ба вуҷуд омада, гурӯҳҳои ифротгароӣ буда, боиси ба миён омадани талафотхои зиёди ҷонӣ, ба харобазор табдил гардидани кишвари хеш, таназзули иқтисодиёт, байни худ тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсии худ, дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён гардиданд. Ҳама ин зуҳурот аз бетарафии ҷомеа ё таҳдидҳо нисбати онҳо ба вуҷуд меояд.
Экстремизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воққеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Ҳадафи асосии терроризм ва экстремизм ин аз байн рабудани рақибони сиёсӣ, таҳдид ба бехатраии мамлакат, тарсонидани аҳолӣ мебошад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Аз чунин шароит ифротгароён истифода намуда, сафи худро аз ҳисоби сокинони бехонаву ҷой монда, фирориёни иҷборӣ ё ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои бардурӯғ, зархаридони хориҷӣ зиёд менамоянд. Дар ҳакиқат терроризму экстремизм миллату нажод надорад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои зиёде, ки аз номи дини мубини исломбаромад мекарданд, ғайриқонунӣ эътироф гардидаанд, вале то ҳол ҷонибдорони ҳизбҳои ғайриқонунӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба сафи худ тариқи таҳдиду зӯроварӣ ва ваъдаҳои бардурӯғ шомил мегардонанд.
Солҳои навадуми асри гузашта ҲНИ ба фаъолият оғоз карда, сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Намояндагон ва ҷонибдорони ин ҳизб на ба якпорчагии ватан, балки ба пароканда шудани миллати тоҷик, аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки сармоядорони хориҷӣ кӯшиш намуданд. Онҳо мехостанд Тоҷикистонро мисли давлатҳои Афғонистону Сурияву Ироқ ба гирдоби оташ кашанд.
Нисбати чунин шахсон Сайидои Насафӣ фармудааст:

Ҳар кӣ бар душмани халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

Мо имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон бояд кӯшиш намоем, ки ягон нохалаф ба якпорчагии ватани азизамон таҳдид нанамояд ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро халалдор насозад. Насли ояндасози ватанамонро чунин тарбия намоем, ки ворисони Олӣ Сомон бошанд ва истиқлолият, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллиро ҳифз намоянд.
ассистенти кафедраи молия ва қарз
Абдурашидова М.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *