МЕХОҲАНД АҚЛИ МАРДУМРО ТИРА НАМОЯНД…

МЕХОҲАНД АҚЛИ МАРДУМРО ТИРА НАМОЯНД…

Ҳамагон хуб медонанд, ки мардуми тоҷик аз азал бо одобу ахлоқи ҳамидаи худ, бо оину маросимҳо ва таърихи бои худ байни дигар қавму миллатҳо ҷои сазовори худро пайдо кардааст.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар фазое умр ба сар мебаранд, ки дар он фарзандон орому волидон хотирҷамъанд.

Дар изҳороти худ ҲНИТ баён намудааст, ки шароите, ки мардум ҳоло зиндагӣ доранд, бадтарин ҳолат пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, вале ба хотир оред он рӯзҳои мудҳишро, ки мардум чӣ ҳол доштанд. Модарону кӯдакон барои хариди нон аз нисфи шаб ба кӯча баромада, соатҳо дар навбат меистоданд.  Модарон барои фарзандони худ доимо дар ҳарос буданд. Магар он носозгории ҳаёти мардум, вазнинии зиндагӣ аз хотирҳо зудуда шуданд, ки имрӯз бархе аз нохилофон ба ҳаёти осудаву ором ношукрӣ мекунанд.

Маҳз ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзадонамон дар фазои орому сулҳофарин умр ба сар мебаранд.

ҲНИТ изҳор дорад, ки сиёсати имрӯза ғайримиллӣ ва ғайриқонунӣ буда, гӯё вуҷуди ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳо, расонаҳо барои амалӣ гаштани нақшаҳои ҳукумат монеагӣ кардаанд. Вале онон аз он сухан намекунад, ки ин ҳизбу ҳаракат чӣ мақсадҳои фосиқона дошта, зери ниқоби дини мубини ислом амалҳои ношоистаро иҷро намуданд. Ҳатто бархе аз занону ҷавонон нангу номуси миллӣ ва ифтихори ватандориро фаромӯш карда, ба амалҳое даст заданд, ки ба ҳеҷ як мазмуну моҳияти дини ислом ва оину анъанаҳои миллии мо рақобате надорад. Бояд гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон сиёсатест, ки  мардум онро эътироф кардааст ва аз рӯи он амал мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро ғайримилливу ғайриқонуни номидан мумкин нест.  Аъзоёни ҲНИТ, ки  бар мухолифи Ҳукумат ва сиёсати он баромад мекунанд, душмани мамлакатанд ва  бо тӯҳмату бӯҳтонҳо бар муқобили Ҳукумат баромад мекунанд. Мехоҳанд ақли мардумро тира намуда, ҷавононро гумроҳ намуда ба амалҳои террористиву экстремистӣ шомил намоянд. Вале онҳо фаромӯш насозанд, ки тирашон ба нишон нахоҳад расид.

Мўсо Саидов,

устоди факултети забонњои

 хориљии ДДХ ба номи академик Б. Гафуров

 

5 Комментариев для “МЕХОҲАНД АҚЛИ МАРДУМРО ТИРА НАМОЯНД…”

  1. Аъзоёни ХНИТ сохиби акоиди магшуш ва мухолифанд, мардумро,алахусус чавононро ба рохи бад рахнамо менамоянд, аз ин ру муаллимини макотибхои миёна ва олиро вазифа бар душ аст, ки ба чавонон аз он рузхои мудхиши чанги шахрванди ёдовари намуда, талкин намоянд, ки аз давраи хозираи тинчу осуда шукргузори намуданро пешаи хамарузаи худ кунанд. Давлатхои зиёди бузурги чахон рохи халосиро аз чангхои дохилии солхои тулони кашолёфта наёфта истодаанду давлати мо дар зарфи чоряк аср сохиби сулху субот ва оромии мамлакат ва мардуми он шудааст. Магар ин бад аст?

  2. Шахсоне ,ки хаёти имрузаи мардуми точикро халалдор месозанд кур мешаванду арбохи ононе,ки дар чанги бародаркуш курбон гаштанд онхоро мезанад.

  3. Дар изҳороти худ ҲНИТ баён намудааст, ки шароите, ки мардум ҳоло зиндагӣ доранд, бадтарин ҳолат пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, вале ба хотир оред он рӯзҳои мудҳишро, ки мардум чӣ ҳол доштанд. Модарону кӯдакон барои хариди нон аз нисфи шаб ба кӯча баромада, соатҳо дар навбат меистоданд. Модарон барои фарзандони худ доимо дар ҳарос буданд. Магар он носозгории ҳаёти мардум, вазнинии зиндагӣ аз хотирҳо зудуда шуданд, ки имрӯз бархе аз нохилофон ба ҳаёти осудаву ором ношукрӣ мекунанд.

  4. Маҳз ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзадонамон дар фазои орому сулҳофарин умр ба сар мебаранд.

  5. Мехоханд акли мардумро тира намоянд. Маколаи хуб бо сарлавхаи хуб. тахлилхои хуб.

Leave a Reply to Мубориз Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *