МЕҲРИ ВАТАН ЧУН МЕҲРИ МОДАР ЯКТОСТ

Дар толори  ДИС ДДТТ  ба ифтихори  26-умин солгарди рӯзи  таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии  таҳти унвони “МЕҲРИ ВАТАН ЧУН МЕҲРИ МОДАР ЯКТОСТ” чорабинии фарҳанги мутантан баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти донишкада,  намояндагони  аз комиссариати ҳарбии  вилояти Суғд Хуршед Раҳимов  ва  донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфт. Директор ДИС ДДТТ Олимӣ Рауф Латифзода суханро ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳли нишаст ва донишҷӯёнро бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раёсати донишкада табрик намуда зикр кард, ки бисту шаш сол қабл, 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ – таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, ки сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид. Баъдан донишҷӯён барномаҳои идонаи худро огоз намуданд. Ин чорабинии муҳим, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.

Донишҷӯён бо шеъру сурудхони дар васфи ватандӯстиву худшиносӣ, рақсу саҳнача дар мавзӯъи “Тарбияи ҷавонон баҳри дилгармии хизматӣ ватан” намоиш дода шуда руҳияи ҳамагонро баланд бардоштанд.  Баъдан капитани комисарияти ҳарбии вилояти Суғд Хуршед Раҳимов  аз номи Раёсати комисарияти ҳарби вилоят донишҷӯёну аҳли нишастро бо ин ҷашни бузург табрик намуда қайд кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ифтитоҳи чорабини идона директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ба ҳар як меҳмонон туҳфаҳои хотирави тақдим намуда таъкид намуд, ки имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбиашро ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот  ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодааст.

       Бо ҳамин чорабини дар сатҳи баланд гузаронида шуда, хотима ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *