Мавқеи интихобот дар рушди ҷомеаи демократӣ

 

Интихобот дар ҳаёти сиёсии ҷомеа заминаи қавиро талаб дорад, ки ба сифати асоси он баромад менамояд. Асоси раванди интихоботро низоми сиёсию ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Дар таркиби низоми сиёсию ҳуқуқии раванди интихобот баҳисобгирии принсипҳо ва қоидаҳои махсус аҳамияти барҷаста пайдо кардаанд. Пеш аз ҳама раванди интихобот ба принсипҳои муайян такя менамояд ва онҳо, асосан арзишҳои гуманистианд. Принсипҳои интихоботӣ дар ҳар кишвар ҳар хел зоҳир мегарданд, аммо дар ҳама ҷо яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон – ҳуқуқи овоздиҳию интихобро собит месозанд. Моҳиятан принсипҳои интихоботи озоду демократиро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд. Гурӯҳи аввалро принсипҳои демократии ҳукуқи интихоботӣ ташкил медиҳанд.

Яке аз принсипҳои асосие, ки мақоми ҳар шаҳрвандро дар интихобот муайян менамояд, принсипи умумият ба ҳисоб меравад. Он муносибати махсус ва нигоҳи нав дар инкишофи ҷомеаи демократӣ мансуб меёбад. Ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мансубияти сиёсӣ (ақидаҳои сиёсӣ, аъзои кадом ташкилоти сиёсӣ будан) синфӣ, миллию этникӣ, касбӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, динию мазҳабӣ, забонӣ ва новобаста аз сатҳи даромад, бойигарӣ, маълумотнокӣ ва ғ. ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд. Принсипи мазкур фақат дар холатҳои мушаххас маҳдуд мегардад – одамоне ҳуқуқи интихоботиро соҳиб нестанд, ки синну солашон ба меъёр мувофиқ нест ё ки онҳо бо қарори суд аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шахсони гирифтори касалии рӯҳӣ ва шахсоне, ки дар макони истиқомат ба муддати зарурӣ муқимӣ набуданд ва шаҳрванди давлати мазкур нестанд, дар интихобот иштирок карда наметавонанд.

Ҳар як интихобкунанда новобаста аз мақоми чамъиятӣ ва мансубияти иҷтимоиаш фақат як овоз дорад. Баробарӣ на танҳо ҳангоми овоздиҳӣ, балки дар вақти муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ низ риоя мегардад. Шумораи интихобкунандагон дар ҳавзаҳо бояд баробар бошанд. Моҳияти принсипи мазкур низ дар ҳамин зоҳир мегардад. Яъне, ҳар як вакилро шумораи баробари интихобкунандагон интихоб намоянд. Аммо таҷрибаи мамлакатҳои гуногун нишон медиҳанд, ки риояи қатъии принсипи мазкур на ҳама вақт муяссар мешавад. Бинобар ин тафовути шумораи интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихоботӣ бояд қонуни интихобот муқаррар намояд. Ҳадди ақаллӣ (минимум) ва барзиёди (максимум) тавофути интихобкунандагон муайян гардад.

Яке аз принсипҳои ҳуқуқи интихоботиро махфӣ будани интихобот ташкил медиҳад. Принсипи мазкур ҳангоми овоздиҳӣ истифода мегардад. Набояд қарори интихобкунанда ба касе маълум бошад. Риояи принсипи мазкур озодии интихоботро таъмин менамояд. Он воситаи аз таъқиб эмин доштани интихобкунанда мегардад.

Махфияти интихобро овоздиҳии пӯшида, мавҷудияти ҷойҳои махсуси овоздиҳӣ, бюллетенҳои махсус, тарзи муайяни ҳисоби овозҳо, кушодани қуттиҳои интихоботӣ, муқаррар намудани ҷазои қатъӣ барои риоя накардани принсипи махфияти интихобот ва баъзе омилҳои дигар таъмин менамоянд.

Ҳар як интихобкунанда дар бораи ҳар як номзад маҳз худаш, бе иштироки миёнарав ё намояндае қарор қабул менамояд. Шаҳрванд дар ҳолатҳои гуногун мушаххасан оид ба номзадҳо қарор қабул менамояд. Дар саромади қарори ӯ манфиатҳо меистанд. Шахс фақат ба ҷонибдории номзаде овоз медиҳад, ки агар талаботу манфиатҳои ӯро ба инобат гирад ва ҳимоя карда тавонад.

Принсипи дигари ҳуқуқи интихоботиро интихоботи бевосита ташкил менамояд. Ҳар як кас шахсан дар овоздиҳӣ иштирок намуда, аз номи худ раъй медиҳад. Ҳеҷ касе ӯро иваз карда наметавонад.

Гурӯҳи дуюми принсипҳои асосии интихоботро принсипҳои умумии ташкили интихобот созмон медиҳанд, ки дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд ва як навъ тавсифи ташкили раванди интихобот мебошанд. Яке аз принсипҳои умумии ташкили интихобот озодии интихобот аст. Ҳеч як мақомоти давлатӣ ё ғайриҳукуматӣ ҳуқуқ надорад, ки аз ҷиҳате ё тавассути чизе ба интихоби шаҳрванд фишор оварад. Ҳар гуна фишороварӣ ё маҷбурнамоӣ ба фаъолон, номзадҳо ва муттасадиёни интихобот номумкин аст.

Нерӯҳои сиёсӣ дар раванди интихобот ба интихобкунандагон фақат ба воситаи тарғибу ташвиқи ғояҳо ва барномаи сиёсии хеш таъсир мерасонанд. Ин воситаи ягонаи таъсиррасонӣ ба интихобкунандагон аст. Интихобот дар маънои аслаш – «ҷудо намудан» бояд ба амал ояд. Дар ҳолате интихобот воқеӣ аст, ки ду ва ё зиёда номзадҳо барои овози интихобкунандагон мубориза мебаранд. Яъне, принсипи ташкили интихобот интихоботи алтернативӣ мебошад.

Плюрализми сиёсӣ ва демократияи воқеӣ мавҷудияти номзадҳои алтернативиро шарти зарурии интихобот меҳисобанд. Принсипи мазкур фақат мавчудияти номзадҳои алтернативиро кифоя намеҳисобад. Зарур аст, ки номзадҳо аз бисёр ҷиҳат баробар буда, шахсиятҳои маълум ва эътирофгашта бошанд. Интихобот бояд як навъ мусобиқаи байни нерӯҳои сиёсӣ ва қувваҳои ба ҳам рақибро монад, ки онҳо барои ақлу ҳуши интихобкунандагон байни худ мубориза мебаранд. Нерӯҳои сиёсӣ барои боварии интихобкунандагон мубориза мебаранд.

Дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ба инобатгирии қоидаҳои ахлоқӣ, таҳаммулпазирӣ, таҳриф накардани далелу рақамҳо ва ҳодисаҳо, якдигарро таҳқир накардан ва ғ. ба ҳукми анъана даромадаанд.

Дар раванди интихобот ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва номзадҳо бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд. Яъне, баробарии имкониятҳо ҳамчун принсипи ташкили интихобот амал мекунад. Пеш аз ҳама баробарии моддию молиявӣ ва ахборотии онҳо таъмин гарданд. Дар сурати ғайр нерӯҳои сиёсӣ ва номзадҳо аз имкониятҳои хеш истифода карда, дар сатҳи гуногун аз маъракаи интихоботӣ сӯистеъмол менамоянд. Аз ин хотир, ҳадди ниҳоии хароҷоти нерӯҳои сиёсӣ, номзадҳои алоҳида ва истифодаи воситаҳои ахбори умум аз тариқи қонуни интихоботӣ муқаррар карда мешавад.

Дар раванди интихобот системаҳои гуногуни интихоботӣ истифода мешаванд. Системаҳои интихоботӣ намояндагии иродаи халқро таъмин менамоянд ва мақомоти масъули ҳокимиятро ташаккул медиҳанд. Системаи интихоботӣ танзимгари асосии интихобот буда, вазифаи масъулро ба ӯҳда дорад. Ба зиммаи он ташхиси принсипҳои ташкили интихобот, воситаи гузаронидани овози интихобкунандагон ба мандатҳо, вазифаҳои ҳокимиятӣ ва ғ. меафтад.

Дар кишварҳои гуногуни олам системаҳои интихоботии мажоритарӣ, мутаносиб, омехта ва консенсуалӣ истифода мегарданд. Мафҳуми «мажоритарӣ» маънои аксариятро дорад. Ҳангоми истифодаи системаи интихоботии мажоритарӣ манфиату талаботҳои маҳз аксарияти интихобкунандагон ба инобат гирифта мешаванд. Мувофиқи системаи интихоботии мажоритарӣ аз ҳар ҳавзаи интихоботӣ як нафар вакил интихоб менамоянд. Системаи интихоботии мазкур дар навбати худ ба зерсистемаҳои аксарияти мутлақ ва аксарияти нисбӣ тақсим мегардад. Ҳангоми истифодаи зерсистемаи аксарияти нисбӣ ғолиб касе ё гурӯҳе ҳисобида мешавад, ки аз ним зиёди овозҳо ё на камтар аз 50 % ва ҷамъи як овозро соҳибӣ намудааст. Зерсистемаи аксарияти мутлақ аз % ё на камтар аз 75% овозҳоро дар назар дорад.

Агар ҳеҷ як номзаде чунин таносуби овозҳоро соҳиб нагашта бошад, он гоҳ даври дуюми интихобот бо иштироки ду номзаде, ки аз ҳама бештар овоз гирифтаанд, барпо мегардад. Барои ғалаба аз рақиб зиёдтар овоз гирифтан кифоя аст. Баъзан дар даври дуюми интихобот ҳамон номзадҳое иштирок менамоянд, ки дар даври аввал ҳадди ақаллиро гузашта бошанд. Ҳар номзаде, ки овози бештар гирифтааст, ғолиб дониста мешавад.

Мувофиқи системаи интихоботии мутаносиб ҳар ҳавзаи интихоботӣ на як, балки якчанд вакилро интихоб менамоянд ва онҳо намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногунанд. Ҳавзаҳои калони интихоботӣ ташкил карда мешавад. Моҳияти системаи интихоботии мутаносибро тақсими мандатҳо мутаносибан ба овозҳое, ки ҳизбҳо ва иттифокҳои интихоботӣ соҳиб гаштаанд, ташкил медиҳад. Нерӯҳои сиёсӣ дар мақомоти интихобии давлатӣ мувофиқи маълумияти воқеӣ дар байни интихобкунандагон ҷой мегиранд. Чунин ҳолат манфиатҳои ҳамаи умумиятҳои ҷамъиятиро инъикос менамояд. Ба иштироки одамон дар раванди интихобот вусъат мебахшад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи интихоботии омехта мавриди истифода қарор гирифтааст.

Раванди интихобот давраҳои гуногунро дарбар мегирад. Бештар марҳалаҳои омодагӣ ба интихобот, пешбарии номзадҳо, бақайдгирии номзадҳо, овоздиҳӣ ва ҷамъбасту натиҷагирӣ аз интихобот барҷаста зоҳир мегарданд. Ҳамаи марҳалаҳо пурарзиш буда, муносибати хосаро талаб менамоянд. Дар ҷомеаи мутамаддин бунёди заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ба раванди интихобот оғоз мебахшанд. Қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ раванди интихоботро мураттаб ва муташаккил мегардонанд. Вазифаҳо, принсипҳои асосӣ, ҷараёни интихоботро муайян менамоянд ва ба самти зарурӣ равона месозанд.

Пешбарии номзадҳо ва бақайдгирии онҳо диққати махсусро талаб дорад. Принсипҳои асосии интихоботӣ, ки кулли мамлакатҳои демократияи воқеӣ аз рӯи онҳо амал менамоянд бояд ба инобат гирифта шаванд. Одатан пешбарии номзадҳо бо ташаббуси марказҳои нерӯҳои сиёсӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба амал меояд.

Дар раванди интихобот овоздиҳӣ мақоми хоса дорад ва нақши барҷастаро соҳиб аст. Он таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд. Бояд хосиятҳои асосии овоздиҳӣ – озод ва махфӣ будани он риоя гарданд. Барои назорат нозирон аз ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, нерӯҳои сиёсӣ, давлатҳои дигар ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ даъват гарданд, то ба ҳадди имкон қонунӣ ва объективӣ будани интихобот собит гардад.

Маҳмудова Зулфия Раҳимовна.

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *