Маркази таълими забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ

Соли таҳсили 2010-2011 дар бинои асосии ДИС ДДТТ  маркази таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи қарори Шӯрои олимони ДИС ДДТТ, таҳти №1 аз 7- сентябри соли 2010 маркази таълими забонҳои  хориҷӣ ба кори хеш шурӯъ карда, то ба имрӯз фаъолият карда истодааст.  Дар маркази таълимии мазкур миқдори умумии компутерҳо бо тамоми таҷҳизоташ 20 адад , 1 адад нотбук, 1 адад тахтаи электронӣ, 1 адад проектор, 3 адад ксерокопия ва дигар маводҳои таълимӣ барои омӯзандагони забонҳои хориҷӣ дастрас мебошанд. Ҳамаи компутерҳо ба шабакаи беноқили Интернет пайвастаанд. Аз рӯзи фаъолият то инҷониб марказ ҳамеша ба пешравиҳо ва дастовардҳо ноил гашта истодааст.
Майнусов Дониш Фазлиддинович 24-уми октябри соли 1987 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Соли 2005 гимназияи рақами 5-и ноҳияи Аштро бо баҳои аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба факултаи Забонҳои Шарқи ДДХ ба номи Б. Ғафуров дохил мешавад. Соли 2010 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси Филолог-шарқшинос  хатм намуда,  фаъолияти мењнатии худро аз соли 2010 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси мудири маркази таълими забонҳои хориҷӣ оғоз намуда, то ҳол дар ин вазифа фаъолона фаъолият мекунад.
Бояд гуфт, ки маркази таълими забонҳои хориҷӣ  аввалин маркази чунин шароити замонавидошта дар вилояти Суғд мебошад, ки тариқи онлайн зиёда аз 36 забонҳои хориҷиро ба хоҳишмандон омӯхта метавонад.
Асосан дарсҳо тариқи гурӯҳбандӣ ва аз рӯи барномаи тасдиқгардида, аз тарафи омӯзгорони  варзида гузаронда мешавад.  Аз моҳи сентябри соли 2010 то имрӯз миқдори умумии хоҳишмандони забономӯз, ки ба дафтари мо қайд шудаанд 570 нафарро ташкил медиҳад. Дарсҳо мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида, аз рӯйи китобу аёниятҳои хориҷӣ, барномаҳои таълимии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё гузаронида мешавад. Зиёда аз 200 китобҳои хориҷии таълимӣ, ки бевосита аз хориҷа оварда шудааст, як китобхонаи хурди марказро ташкил додааст. Дар рафти дарс омӯзгорон метавонанд ҳамаи лавозимотҳои заруриро истифода баранд. Шунавандагон баъди ҷамъбасти соати асосии дарс боз метавонанд, то як соат дарси гузаштаро бо истифода аз интернет мустаҳкам намоянд.
Иштироки олимону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагон дар барномаҳои байналмиллалие, ки дар марказ фаъолият мекунад, хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯз маркази таълимии забонҳои хориҷиро чун як маркази роҳнамо ба барномаҳои хориҷӣ медонанд ва ҳамарӯза даҳҳо нафар аз ин марказ ба суолҳои хеш нисбати иштирок дар барномаҳои хориҷӣ ҷавобҳои мушуххас мегиранд. Соли ҷорӣ бо кӯмак ва роҳбаладии омӯзгорони пуртаҷрибаи марказ зиёда аз 65 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар барномаҳои хориҷӣ иштирок карда, ба пешравиҳо ноил гардиданд. Дар марказ вохӯрӣ ва мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорон аз ИМА – Доменик Старкер, Кори Уенс, олимони ҷавони франсуз – Флоренс, Амрико Ванесса, Девид, Чонс Кук, Ҷеф Кристиано, Ерселия ва дигарон бо донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада гузаронида шуд. Намояндагони хориҷӣ аз фаъолияти чунин як маркази замонавӣ хушҳол шуда, фикрҳои худро ба дафтари махсуси марказ қайд намуданд.
Дар марказ, вохӯрӣ бо намояндагони сафорати ИМА, Аврупо дар барномаҳои байналхалқии TEA, UGRAD, KTH, KIMEP, ERASMUS MUNDUS, DAAD, RTU ва ғайраҳо гузаронида шуда, бисёр донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳо иштирок карда, ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд. Дар марказ бо роҳбарии омӯзгор Зарипова М ва Тошматова Д, чанд маротиба семинар – тренинг барои омӯзгорони забони англисии мактабҳои миёна ва Донишгоҳ гузаронида шуд. Чандин маротиба семинарҳо ва дарсҳои кушод тариқи онлайн бо Донишгоҳи асосӣ ва дигар шахсони донандаи забонҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. То имрӯз, ҳамаи шунавандагон аз шароити хониш ва тарзу усули таълим аз тарафи омӯзгорон қаноатманд буда, касе шикоят накардааст.
Донистани забон имрӯз барои ҳар як мутахассис ҳатмӣ буда, барои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ роли асосиро мебозад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояш омӯзиши забонҳои хориҷиро тақозои замон дониста, ба омӯзгорон ва омӯзандагон дастуру супоришҳои бохирадона медиҳад. Аз ин лиҳоз маркази омӯзиши забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ ҳамарӯза ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки ҷавонон ба забономӯзӣ бештар шавқманд гарданд. Марказ омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ ва тоҷикиро ба роҳ мондааст. Шунавандагони марказ аз рӯи сатҳи дониши доштаашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, ба донишомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар марказ ҳамаи шароити ҷавобгӯй ба талаботи забономӯзӣ муҳайё мебошад. Хоҳишмандон метавонанд новобаста аз синну сол забон омӯзанд.
Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Саид ба ин марказ ташриф оварда, аз ҷараёни таълим ва фаъолияти марказ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба омӯзгорон натиҷаҳои хуби омӯзиши забонҳои хориҷиро фаҳмонида,  шавқи омӯзандагии донишҷӯёнро нисбат ба омӯзиши забон  дучанд намуд.