МАРДУМРО ГУМРОҲ НАМУДАН ХИЁНАТ БА ВАТАН АСТ!

Мо қаблан вобаста ба қазияи Хоруғ, ки аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба оромии маркази ВМКБ халал ворид намуда буданд, андешаҳои хешро иброз дошта будем. Дар робита ба ин бори дигар рафтору гуфтори гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро шадидан маҳкум намуда, гуфтанием, ки душманони миллату давлат бо ҳар баҳонаи ночиз мехоҳанд, чун солҳои 90-уми асри гузашта боз кишвари моро ноором созанд, мардумро ба гумроҳӣ андозанд. Дар Бадахшон дастаҳои ҷинояткори зархарид кайҳо сар бардошта, интизори фурсати қулай будаанд. Ё ин ки ин фурсатро худашон меофаранд. Мувофиқи маълумоти мақомоти расмии ВМКБ саркардаи гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ному насабашон дар поён зикр мешавад дар содир намудани якчанд қонунвайронкунӣ ба монанди барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ, дар ҷустуҷӯ буда, айбдор карда шудаанд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз сабаби набудани ошкорбаёнӣ ба гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва тарафдорашон имкон дод, ки тӯдаи ҷавононро ба гумроҳӣ баранд. Аз номи мардум амалҳои ғайриқонунӣ содир намоянд, ба монанди ташкил ва гузаронидани тазоҳуроти ғайрирасмӣ, сарбозони расмиро лату кӯб намуда, силоҳашонро гирифтан, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷум карда, дошта лату кӯб кардан, ба дидбонгоҳи сарҳад муташаккилона ҳуҷум овардан, ба муқобили роҳбарони шаҳр мардумро ҷамъ намудан, ба прокурори шаҳр авбошона ҳучум намудан, ба раиси шаҳр ва ёрдамчиёнаш сангпартоӣ намудан, автомошини давлатиро корношоям намудан, дарахтҳоро бурида, роҳи автомобилгарди байналмилалиро бастан, иқтисодиёти кишвар миллионҳо доллар зарари иқтисодӣ расонидан ва ғайра. То ҳол ин бархе ашхоси ҷиноятпеша ба худ хулоса набароварда дар назди қонун ба ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб додан намехоҳанд ва амалиёти давлатии дастгиркунии ҷинояткорро ба аҳли ҷаҳон амали худсарона ва ғайриқонунӣ гӯён тариқи расонаҳои хабарӣ баромадҳои беасос менамоянд. Масалан Мамадбоқир ва тарафдоронаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, реҷаи онлайнӣ баромадҳо намуда, бо ибораи мардумӣ худро мусичаи бегуноҳ мешуморад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки имрӯз мардуми кишвар ва бахусус сокинони бонангу номуси Бадахшон амиқан огоҳӣ пайдо карданд, ки Мамадбоқиров Мамадбоқир, Мамадасламов Ёдгор, Аёмбеков Толиб ва хаммаслаконашон ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум ба чунин иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин задаанд. Баробари ин таъкидан қайд менамоем,ки шахсони бо ном гӯё ватандӯсту муаммоҳои мавҷударо аз нуқтаи назари худ бо ивғонагезӣ ҳал менамоянд, бояд донанд, ки роҳи каҷ онҳоро ба мақсад намерасонад ва баръакс худро ба давлатҳои бегона хору зор ва умри додаи худовандро бо пайвандон дар машаққат мегузаронанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо оид ба иқрору тавбаи Аломатшоев А., ки мисол овардан бамаврид аст, ки он матни он дар рузномаи СССР №8(701), аз 27 .02.2022 бо номи «Тавбаи ҷинояткор Амриддин Аловатшоев ва муроҷиати ӯ ба гурӯҳҳои муташаккили Бадахшон» ба нашр расидааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш таъкидан гуфтанием, ки осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан хиёнат ба Ватан аст. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *