МАРДУМИ ТОҶИК БОЯД ИН ХАТАРРО ДОНАНД ВА ХОНАИ ОБОДИ ХУДРО НАСӮЗОНАНД!

 Ба ҳамагон маълум аст,к и  8-уми декабри соли 2020-ум  Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки яке аз донишгоҳҳои калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия”-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин таҳрим аз тарафи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА бо қарори рақами 10590000383 анҷом шудааст. Дар шарҳи қарор омадааст, ки ин “донишгоҳ” бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориҷии он – сипоҳи “Қудс”, ки ду сол пештар ҳамчун ташкилоти байналмилалии террористӣ эътироф шуда буд, алоқаи бевосита дошта, ҳамчун маркази тайёр кардани мубаллиғони ифротӣ ва ҷосусҳо барои идораҳои амниятии Эрон дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки мақолаи Каримов Иноятулло, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони “Донишгоҳи бузурги терроризм. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” воқеан ҳам мақолаи хуби таҳлилиест, ки огоҳ шудан пеш аз ҳама ба ҷомеаи мо ҳатмӣ аст. Зеро мавод дар асоси далелҳои муътамад навишта шуда, моро ҳушдор медиҳад, ки дар интихоби роҳи ояндаи фарзанданамон боре андеша кунем. Аслан чун калимаи терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назар тундгароёни исломӣ ҷилвагар мешавад.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисони эронӣ ва хориҷӣ, буҷаи солонаи ин донишгоҳи терроризм ҳудуди 450 то 500 000 000, яъне наздики ним миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ин маблағи бузург аз чор манбаъ таъмин мешавад:

  1. Аз буҷети расмии давлатии Эрон
  2. Аз буҷети “байти раҳбарӣ” (фонди махсуси Роҳбари инқилоб)
  3. Аз ҳисоби хумс (андози 20%-и мазҳаби шиъа), ки аҳолӣ ба охундҳо мепардозад.
  4. Аз ҳисоби хайрияи маҷбурӣ, ки аз ширкатҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони бузург ситонда мешавад.

Албатта, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бо ин ҳама маблағҳои зиёд ҷавононро дар ин ҷо чӣ гуна тарбия менамоянд ва ба куҷо раҳнамоӣ мекунанд?  Пас бояд сари ин масъала ва мушкилот бояд ҳар як сокини кишвар андеша намояд ва барои таҳсили фарзандон дар хориҷи кишвар ва оқибатҳои он падару модаронро зарур аст, ки танҳо дар доираи қонунгузориҳои кишвар амал намоянд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИ таъсис дод ва пурра зери назоратӣ худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд.

Дар Тоҷикистон ҷанг нав сар шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рӯзғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо, то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон,  дар қаламрави ин кишвар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқӣ «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ гузошта буданд. Мардуми оддӣ ба ин кори «хайри бародарон»-и эронияшон миннатдорӣ мекарданд. Фикр мекарданд одамоне, низ ҳастанд,ки ғами онҳоро мехӯрад. Ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд.

Бунёди ҷумҳурии исломӣ ва тадриҷан дар зеҳну шуури мардум ҷой кардани ақоиди «шиагароӣ»- яке аз вазифаҳои муқаддаси Эрон буд, ки тавассути хадамотҳои махсусаш амалӣ мекард. Мардуми Тоҷикистон бояд ин хатарро донанд, ҳушёр бошанд, хонаи ободи худро насӯзонанд ва фирефтаи бегонагон нашаванд.

 

Умуров Х.И.,

ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *