Рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Варшава 4 созмони оппозитсионӣ – ҳизби наҳзати ислом, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – иттиҳоди нави нирӯҳои мухолифини тоҷикро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон таъсис доданд. Музокирот барои ташкили ин ба истилоҳ ИНОТ-2 беш аз як сол боз идома дошт. Чанд гуруҳи дигари оппозитсионӣ, аз ҷумла “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷон Атовуллоев ба Паймони миллӣ ҳамроҳ нашудаанд.
Ин хабар дар сархатти шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шуд ва Муҳиддин Кабирӣ раиси Паймони миллии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳадаф ва мақсади асосии ин Паймони миллӣ дар чист, ҳама мардуми кишвар хуб медонанд. Онҳо мехоҳанд, дар ниқоби Паймони миллии Тоҷикистон ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд, ояндаи ватану миллат барои онҳо аслан арзише надорад. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ба сари сокинон чӣ балову кулфатҳоро ба бор овард. Чанд филми мустанаде, ки намоиш дода шуданд, бори дигар гувоҳ бар он медиҳанд, ки ҲНИ ташкилоти террористию экстермистист.
Ҳама хуб медонем, ки дар Варшава бо ибтикори САҲА ҷаласаи солона дар бораи ҳуқуқи инсон ҷараён дорад, ки дар он баробари ҳайати расмии Тоҷикистон аъзои созмонҳои дар кишвар мамнуъ низ иштирок мекунанд. Ба ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҷаласа Низомиддин Зоҳидзода, ноиби аввали вазири умури хориҷӣ, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти ВКХ, Рустам Азизӣ, ноиби мудири Маркази исломшиносӣ, собиқ аъзои ҲНИ, устоди Донишгоҳи исломӣ Абдураҳим Каримов ва дигарон шомил мебошанд. Дар баромади худ Низомиддин Зоҳидзода амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – ро маҳкум карда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм талошҳои созанда намуда, намегузорад, бо амалҳои тахрибкоронаи худ ҳизбу гуруҳҳои ифротгаро ба суботу оромии кишвар зарба зананд.
Мо аз Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо, хусусан, намояндагони дафтари САҲА дар Варшава эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои иштироки пайравони ТТЭ ҲНИ дар нишасти ҳуқуқи башарии САҲА мусоидат накунанд. Онҳо мухолифини сиёсии Точикистон нестанд, онхо як гуруҳи террористӣ-экстремистӣ мебошанд, ки таҳдид ба сокинони тамоми дунё доранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ин қабил гуруҳҳо аз ҷониби тамоми кишварҳои Аврупо, умуман, ҷомеаи ҷахонӣ маҳкум карда мешаванд. Бинобар ин, сарзаниш ва ба чавобгарӣ кашидан сазои онҳост. Мардуми точик ба ТТЭ ҲНИ боварӣ надоранд.
Маҷидова М.Н. – ассистенти
кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ