Ороми сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии кишвар, хандаҳои беғаши кӯдакон,тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Бо шарофати Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик зиндагии ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амониро дорад, ки ин неъмати бебаҳои одамигарӣ мебошад.
Сулҳофаринии мардуми тоҷик дар таърих бо хатҳои зарҳалин навишта шудаанд. Аммо, мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд гуруҳҳои алоҳида ва ашхоси гумроҳшуда, ки даст ба амалҳои ношоиста мезананд ва амалҳои онҳо боиси норомию ноамнии кишвар мегардад. Масалан рӯзҳои 25 – 28 ноябри соли равон аз чониби як гурухи ҷинояткори муташаккили ҷиноятӣ Зиёбеков Гулбидин ва ҳаммаслаконаш дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ нооромихоро ба миён оварданд, ки далели ин гуфтаҳоянд Ин ашхос ноҷавонмардони зархариду фурӯхташудаи гурӯҳҳои муташаккил асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят, гуноҳояшон талош карда, ин ҳодисаи баамаломадаҳангомаҳои болохонадор сохта хостанд мардумро ба шӯр андозанд. Бо мақсади равшани андохтани масъалаҳо вобаста ба ҳодисаҳои рухдодаи санаҳои 25-28 ноябри соли равон дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ, Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ тариқи телевизионии Бадахшон, таҳти барномаи “Нерӯи қонун” баромад намуд. Зимни баромадаш собиқ раиси Бадахшон зикр кард, ки дар ҳақиқат ҷинокор Гулбиддин Зиёбеков дар содир намудани якчанд ҷиноят, аз ҷумла латукӯб намудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. ва барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор карда шудааст. Ниҳоят Зиёбеков Г. дар рафти иҷрои корҳои тафтишотӣ ба прокуратура ҳозир нашудааст ва дар рӯйхати расмии ҷустуҷӯ ворид шудааст.
Инчунин дар рафти намоиши видиофилми “Нерӯи қонун”амиқан аз ҷониби шоҳидон бо далелҳо амалҳои содирнамудаи гуруҳи ҷиноятпеша бори дигар тасдиқ шуд. Чунончӣ шоҳиди воқеа Хайрулло Мирзоалиев, ронандаи автомашинаи “Дулан”, ки шаҳрванди шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон мебошад, зимни суханрониаш дар қайд кард, ки ӯро дар давоми се рӯз бе ягон асос махкам намуда, сониян ба таврӣ маҷбурӣ 1100 сомонӣ маблағро авбошона тасарруф карданд. Баробари ии гурӯҳи авбошон нисбати шаҳрванд Ҳувайдо Ақимбеков, ронадаи КАМАЗ, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон муносибати дағалона намуда, худсарона бе асос роҳи нақлиётро манъ карданд. Дар натиҷа шаҳрвандони зикргардида зарари моддию молиявӣ диданд. Умуман дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшуда, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ беш аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфт. Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода аз тарафи прокуратураи вилоят нисбат ба аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии онҳо идома дорад. Дар робита ин дар рафти намоиши филми мазкур намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз чумла Холиқназаров Манучеҳр ва Маҳмадшоев Хурсанд баромад намуда, қайд карданд, ки нисбати бо ҳамдастони Зиёбеков Гулбиддин аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ тибқи талаботи қонуни амалкунанда тафтишот оғоз карда, алҳол он бо маром идома дорад.
Бо боварии комил метвон кайд кард, ки пас аз намоиши филми “Нерӯи қонун” мардуми кишар ва бахусус сокинони бонангу номуси Бадахшон ба худ хулосаи зарурӣ мебароранд ва амиқан ба огоҳӣ пайдо мекунанд, ки гуруҳҳои ҷинотпешаи Мамадбоқиров М, Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва хаммаслаконашон ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум ба чунин иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин задаанд. Ин нафарон амалкарди фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои амниятиро, ки ба хотири боз ҳам таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии вилоят чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории онҳо ба Ватан бо амри хоҷагони зархаридӣ хориҷиашон аст.
Қазоват кунед ҳамватанони азиз, хусусан мардуми огоҳу хештаншиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, ки ҳодисаҳои ба амаломада на ба манфиати аҳолии осоиштаи Бадахшон ва на ба манфиати кулли Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки суботу оромӣ натанхо дар Тоҷикистон метавонад тахти таъсири раванду руйдодхои ҷахони пуртазоди имрӯза, аз чумла торафт вусъат гирифтани тахдиди хатархои нав, аз кабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар чинояткорихои муташаккили трансмиллӣ, балки дар давлатҳои ҷаҳон низ осебпазир гардад.
Дар фарҷоми андешаи хеш ба тамоми ҷавонони шарафманди миллати тоҷик муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ҳушёр бошанд ва ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бубанданд. чунки мардуми тоҷик аз қадим сулҳофар аст!
Т. САЛИМОВ