Мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш нахоҳанд гашт

Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Онҳо бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он экстремизму терроризмро мебинанд, ки мехостанд бо истифода аз иғво ва амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

ҲНИ то соли 2015  гарчанде ба таври қонунӣ фаъолият дошт, аммо зери ин парда ғаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияташ ба таври қонунӣ манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олӣ расман баста шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ буд. Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду ободии Ватани азизамонро дида наметавонанд.

Ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу ороми ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем. Мутаассифона, имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Аз ин ҷост, ки барои рӯйпӯш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ТЭТ ҲНИ аз василаи мудерн кардани зоҳир – ба бар кардани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риоёти ҳадафмандонаи низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабиро пинҳон доштан ва амсоли инҳо васеъ истифода мебарад. Методикаи муборизоти сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ТЭТ ҲНИ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006-2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва муҳимтар аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва мамолики мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТЭТ ҲНИ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири аврупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати исломи асримиёнагӣ, ҷамъовари амволи мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини динӣ, барҳам задании низоми дунявӣ, афзудани фабрикаи истеҳсолоти барда ва ғайраҳо). Қудратхоҳии раҳбарияти наҳзат ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор табдил диҳад.

Бовари комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст.

 

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *