Воқеан баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) пайравону ҷонибдорони ин ҳизб имрӯз дар Аврупо қарор дошта, бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Собиқ аъзоён, бахусус Кабирӣ бо ҳар гуна роҳ, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, бегуноҳии худро дар назди ҷомеа исбот кардан кӯшиш дорад.
Мо омӯзгорон хуб медонем, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинату рафияҳои ифротӣ огаҳ гардидаанд. Фаромӯш набояд кард, ки мо тоҷикон чӣ душвориҳои мушкилро аз cap гузаронидем. Мардуми Тоҷикистон ба хотири пойдории сулҳу субот дар Ватан борҳо ин душманони миллату давлатро бахшиданд. Аммо маълум мешавад, ки душманони миллат ҳол аз мақсади ғаразноки худ даст накашидааанд.
Имрӯз идеологияи нопоки наҳзатиҳо моро ҳушдор медиҳад, ки сатҳи дониши сиёсиамонро баланд бардорем. Ҳар амале, ки иҷро мекунем санҷидаву дониста амалӣ намоем. Насли наврасро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намоем. Агар хоҳем, ки насли оянда наврасону ҷавонон муъмину мусулмон бошанд, арзишҳои ватандории миллиро талқин намоем. Ҳамон вақт мо бо давлату миллати хушбахт пеш меравем.
Назаров П.А.
ассистенти кафедраи математикаи
олӣ ва технологияи инноватсионӣ.