МАРДУМФИРЕБӢ ВА ҚАЛЛОБӢ ЧЕҲРАИ НАҲЗАТИЁНРО БОЗ АЗ САРИ НАВ ОШКОР КАРД!

 Чуноне ки мо медонем, намояндагони собиқ ҲНИ бо ҳар дасисаҳои навбатии худ ҷамъиятро ноором кардан мехоҳанд. Бо баробари ин нисбати яке пайравони имрӯзаи наҳзатиҳо Иззат Амон ибрози андеша менамоем. Воқеан рафтори Иззат Амон қаллобӣ, фиреб, найрангбозӣ, бетарбиятӣ, бемаданиятӣ, дуздиву мардумфиребӣ буд,  ки бо ин хислатҳои номатлубаш Иззат Амонро мақомотҳои дахлдори ФР шаҳодатномаи шаҳрвандии вайро бекор кардааст. Инчунин дар асоси моддаи 247 қисми 4-и кодекси ҷиноятӣ ҶТ нисбати Иззат Амон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расми қарор дошт. Дар асоси далелҳои мушаххас Иззат Амон бо роҳи фиребу найранг бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқӣ асосан аз  шаҳрвандони  кишварамон, ки дар ФР қарор доранд, фиреб дода, аз садҳо нафаор маблағҳои калон гирифтааст, вале кори онҳоро ҳал накарда, ба яғмо бурдааст. Иззат Амон таи 20 сол аст, ки шаҳрванди Русия асту ба мардумфиреби машғул аст. Вай суйистифода аз мансаб ба боварии муҳоҷирон даромада бо ҳар роҳ онҳоро фиреб додааст. Алҳол наҳзатиҳо ,аз ҷумла М.Кабирӣ  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ Иззат Амонро тарафдорӣ намуда, ӯро “мусичаи бегуноҳ”мешуморад. Хулоса, мардумфиребӣ ва қаллобии Иззат Амон  чеҳраи наҳзатиёнро боз аз сари нав ошкор кард!

Хотиррасон мекунем, ки қонун барои ҳама як аст ва бигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоне, ки ба корҳои номатлуб даст мезанад, оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Зеро офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ниҳоят ҳақиқат ғолиб меояд.

Файзиев М.- ассистенти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *