Таҳлилҳо собит менамоянд, ки айни замон терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дини мубини Ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини Ислом сӯистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.
Бо назардошти шиддат гирифтани авзои сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад. Танҳо соли охир зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Ин вазъро қаблан дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имрӯз бошад дар Афғонистон мебинем. Хулоса торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таҳдиди бевосита эҷод мекунад. Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад. Мебояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеаро танҳо сулҳу субот дар заминаи адолати иҷтимоӣ – сиёсӣ таъмин карда метавонад, ки исботи воқеии он ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми тоҷики тамаддунофар хоҳони ононанд, ки дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон низ чунин раванд ҳукмрону пойдор бошад.Мо хоҳони таъсиси Ҳукумати фарогир ва оромӣ дар ҷомеаи Афғонистони ҳамсоя ҳастем.
Хулоса ба масъалаи матраҳгардида хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст,ки дар давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем ва дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшаваии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ